Маҳсулоти арзонтар аз нархи бозор. Санаи ташкили ярмаркаҳо дар Душанбе маълум шуд

Дар арафаи Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад, ки нархи маҳсулот дар он нисбати бозорҳо арзонтар аст. Ярмарка 16-уми март оғоз гардида, то 20-уми март идома мекунад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”-и пойтахт, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи […]

Дар арафаи Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад, ки нархи маҳсулот дар он нисбати бозорҳо арзонтар аст. Ярмарка 16-уми март оғоз гардида, то 20-уми март идома мекунад.

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”-и пойтахт, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯбарӯи беморхонаи “Шифобахш”, маъруф ба “Қараболо”) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешаванд.

Сокинони пойтахт метавонанд гӯшт, орд, равған, биринҷ, қанд, маҳсулоти донагӣ ва сабзавоту меваҷотро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Аммо нархи маҳсулот мушаххасан гуфта намешавад, танҳо таъкид мегардад, ки он чанд рӯз қабл аз оғози ярмаркаҳо муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ярмаркаҳо бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.