Додситонии Хатлон 200 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷазо додааст

Додситонии вилояти Хатлон давоми соли 2023 барои роҳ додан ба қонуншиканӣ зимни пешбурди таҳқиқу тафтиши парвандаҳо 200 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро муҷозоти интизомӣ кардааст. Дар ин бора Аваз Назарзода, додситони навтаъини вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. “Зимни санҷишҳои прокурорӣ 353 ҳолатҳои аз қайд пинҳон кардани ҷиноят ошкор карда шуд. Баъди тафтиши ҷиноятҳои […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситонии вилояти Хатлон давоми соли 2023 барои роҳ додан ба қонуншиканӣ зимни пешбурди таҳқиқу тафтиши парвандаҳо 200 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро муҷозоти интизомӣ кардааст.

Дар ин бора Аваз Назарзода, додситони навтаъини вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Зимни санҷишҳои прокурорӣ 353 ҳолатҳои аз қайд пинҳон кардани ҷиноят ошкор карда шуд. Баъди тафтиши ҷиноятҳои пинҳонкардашуда 140 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид”, – гуфт Аваз Назарзода.

Аммо ӯ аз ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ном набурд ва ҳам шарҳ надод, ки кадом навъи ҷиноятҳо пинҳон карда шудаанд.

Дар умум, ба қавли Аваз Назарзода, соли 2023 дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 903 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022 443 ҷиноят ё 7 дарсад камтар аст.

Бояд гуфт, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 19-уми январи соли 2023 баргузор шуд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

“Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд”, – гуфта мешуд дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Дар пайи ин чандин роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иваз шуданд. Аз ҷумла, сардорони раёсати ВКД, раёсати КДАМ, додситонии вилоят, раёсати Агентии зиддифасод аз вазифаҳои худ маҳрум шуда, ба ҷойи онҳо нафарони нав таъин гардиданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.