Афзоиши теъдоди занҳое, ки алимент месупоранд

Дар Тоҷикистон 12 зан ба шавҳари собиқи худ барои нигоҳубини фарзанд алимент месупоридаанд. Ин нисбат ба соли 2022 7 ҳолат бештар будааст. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Дар умум, ба қавли Барно Саидвализода, соли 2023 барои ситонидани алимент 10 ҳазору 912 дархост ворид […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 12 зан ба шавҳари собиқи худ барои нигоҳубини фарзанд алимент месупоридаанд. Ин нисбат ба соли 2022 7 ҳолат бештар будааст.

Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дар умум, ба қавли Барно Саидвализода, соли 2023 барои ситонидани алимент 10 ҳазору 912 дархост ворид шудааст, ки ин нисбат ба соли 2022 724 ҳолат кам мебошад.

Ҳарчанд шумораи ҳуҷҷатҳои воридшуда барои ситонидани маблағи алимент коҳиш ёфта бошад ҳам, теъдоди онҳое, ки аз пардохтӣ алимент саркашӣ кардаанд, зиёд шудааст. Соли 2023 398 нафар аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2022 106 ҳолат бештар будааст.

“Нисбати онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби додситонии кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст”, – гуфт Барно Саидвализода.

Ҳамчунин, 568 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи зист дар кофтуков қарор доштаанд.

Дар маҷмӯъ, соли 2023 ба манфиати модару кӯдак 33,3 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.