Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2023 ҳудуди 170 километри сарҳадро муайян карданд

Исматуллоҳ Абдуллоҳ, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расонидаанд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон хабар дод.

“Соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд. Ҳамагӣ то имрӯз тавсифи 889,45 километр сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом дода шудааст”, – шарҳ дод Хоҷазода.

Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.

Ӯ бо ишора ба он, ки қаблан ҷонибҳо бобати “махфӣ боқӣ мондани мазмуни протоколу ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷрои корҳо, қатъиян риоя шудан ва нашри онҳо пас аз розигии ҳарду тараф” ба созиш расида буданд, аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи қитъаҳои мувофиқашудаи сарҳад худдорӣ варзид.

“Ҳама гуна маълумот бо розигии тарафҳо пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, аз намояндагони ВАО хоҳиш мекунам, ки вазъиятро дар ин масъала бифаҳманд”, – изҳор дошт ӯ.

Хоҷазода аз шарҳи маълумоти дар моҳи март имзо шудани созишномаи ниҳоӣ худдорӣ варзида, чунин гуфт: “Мо ҳам хоҳони он ҳастем, ки масъалаи сарҳад ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад”.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...