Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор табиб ва қариб 400 ҳамшираи тиб намерасад

Date:

То ҳол дар кишвар 2 ҳазору 9 табиб ва 391 ҳамшираи тиб намерасанд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта теъдоди духтурон 289 адад ва ҳамшираи тиб 184 кам мебошад. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.

Номбурда гуфт:

– дар Душанбе 49 духтур ва 35 ҳамшираи шафқат;

– дар вилояти Хатлон 748 табиб, ҳамшираҳои тиббӣ таъминанд;

– дар вилояти Суғд 545 табиб ва 55 ҳамшираи шафқат;

– дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 361 духтур ва 151 ҳамшираи тиб;

– дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 23 духтур ва 7 ҳамшираи тиб намерасад.

Баҳси номутобиқатӣ дар омори вазорат

Бояд гуфт, ду сол мешавад, ки дар омори пешниҳодкардаи вазири тандурустӣ дар робита ба норасоии кадрӣ дар соҳа баъзе номувофиқатиҳо мушодиҳа мешавад. Аз ҷумла, дар арқоми дар нишасти матбуотии ахир ироанамудаи вазир норасоии табибон аз рӯи минтақаҳо 283 (1726) нафар ва теъдоди ҳамшираҳои тиб аз рӯи минтақаҳо қариб 143 (248) нафар камтар аз омори умумӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи соли 2023 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасид. Он замон низ омори умумӣ бо тақсимбандӣ мувофиқат намекард. Масалан, он замон, ҷамъи арқоми норасоии табибон аз рӯйи минтақа 155 (2143)  нафар камтар аз омори умумӣ буда, омори ҳамшираи тиб 15 (590) бештар аз омори умумӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии шашмоҳаи соли гузашта вазир омори норасоии табибону ҳамшираҳоро дар муассисаҳои тиббии хусусӣ ва дигар вазорату идораҳо низ зикр карда буд. Аммо имсол аз ироаи шумораи онҳо худдорӣ кард.

Имрӯз, 10-уми феврал хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба номутобиқатӣ дар омори норасоии кадрӣ дар нишасти матбуотӣ ба Ҷамолиддин Абдуллозода савол дод. Вале ӯ, посухи рӯшан надод ва танҳо гуфт, ки “омор рӯз аз рӯз тағйир меёбад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

Табибон чӣ қадар ба хориҷа рафтанд?

Вазири тандурустӣ иттилоъ дод, ки нисбат ба соли 2022 дар соли гузашта 274 табиб ба хориҷи кишвар барои кор кам рафтаанд. Дар 6 моҳи соли гузашта 70 табиб барои кор ба хориҷи кишвар рафта буданд.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ, сабаби ба хориҷи кишвар рафтани табибон пеш аз ҳама такмили ихтисос дар хориҷи кишвар аз ҷониби онҳо аст.

Абдуллозода гуфт, инчунин, дар соли гузашта 119 табиб ва 113 ҳамшираи тиб аз хориҷи кишвар баргашта, дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранд.

Чӣ қадар дар риштаи тиб мехонанд?

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар кишвар 22 ҳазору 245 донишҷӯ дар муассисаҳои олии тиббӣ мехонанд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 7 ҳазор 80 нафар зиёд мебошад. Соли гузашта 2350 нафар донишгоҳҳои олии кишварро хатм кардаанд.

Номбурда хабар дод, ки дар коллеҷҳои тиббии кишвар имрӯз 68 ҳазору 428 нафар мехонанд. Соли гузашта ин муассисаҳои таълимиро 14 ҳазору 799 нафар хатм карданд.

Вазир зикр кард, ки аз ҳисоби хатмкунандагони зинаҳои интернатура ва орденатура дар соли 2023 1 ҳазор 178 нафарро ба кор қабул карданд ва дар баробари ин, 1 ҳазор 357 нафари дигар бо сабабҳои гуногун бо хоҳиши худ ба дигар муассисаҳо барои кор рафтанд.

“Дар соли гузашта 70 табиб ба нафақа баромада, 46 нафари онҳо фавтиданд. Боқимонда ба муҳоҷирати корӣ ва аз як муассиса ба муассисаи дигар рафтаанд. Ҳамин тариқ, 6 ҳазору 237 корманди миёнаи тиб ба кор қабул карда шуд, 1 ҳазору 356 нафари дигар бо хоҳиши худ ба дигар муассисаҳои тиббӣ рафтанд. Зимнан, аз ҳисоби онҳо дар соли гузашта 25 нафар фавтида, 161 нафар ба нафақа баромаданд”, – шарҳ дод Ҷамолиддин Абдуллозода.

Сину соли дароз ва тарки ихтисос дар пайи COVID-19

Вазири тандурустӣ сабаби норасоии кадрҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон дароз будани синну соли кормандони соҳаи тандурустӣ ва иваз кардани ихтисос аз сӯи табибону кормандони тиб дар пайи пандемияи COVID-19 маънидод кард.

Ёдовар мешавем, ки сол аз сол норасоии кадрӣ дар кишвар поин меравад. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2022 дар кишвар тақрибан 2,5 ҳазор табиб ва беш аз 600 ҳамшираи тиб намерасиданд. Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2021 соҳа ба 3 ҳазор табиб ва 1 ҳазору 700 ҳамшираи тиб ниёз дошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

Маоши паст дар байни духтурони Осиёи Марказӣ

Мавзӯи тарки соҳа кардани табибон ва норасоии кадрӣ дар саҳаи тиб солҳост, ки дар Тоҷикистон доғ аст. Мақомот пайваста аз имтиёзҳо ва баланд бардоштани маоши табибон барои пешгирии ин раванд суҳбат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бахши тандурустӣ ба ислоҳоти густурда ниёз дорад.

Худи табибон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани пизишкони тоҷик кам будани маош аст.

Вазири тандурустӣ дар шарҳи сабабҳои тарки соҳа кардани табибон гуфта буд, ки “кишварҳои дигар, пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя, барои кормандони соҳаи тиб барномаҳои махсус ва имтиёзҳо пешбинӣ мекунанд ва ин, ба назари ӯ, сабаби аслии аз кишвар рафтани табибон мешавад”.

Ҳоло дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин маошро духтурони тоҷик мегиранд, ки ҳақмузди миёнаи онҳо  1550 сомонӣ ё каму беш 145 доллар аст.  Ба иловаи ин, табибон аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...