Сафияхон то ҳол пайдо нашудааст. Ӯро то сарҳади Ӯзбекистон ҷустуҷӯ доранд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Сафияхон Раҳматова, духтарчаи 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, ки 6 рӯз ин ҷониб бедарак аст, то ҳол пайдо нашудааст. Волидонаш гуфтаанд, ки Сафияхон дар дарёи Сир ғарқ шудааст, аммо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, барои пайдо кардани духтараки бедаракшуда мутахассисони ботаҷриба ҷалб шудаанд, аммо то ҳол натиҷае ба даст наовардаанд.

Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар навор дида мешавад, ки духтарак ба соҳили дарё меравад. Дигар аз ӯ дараке нест.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз дидани навор ба хулосае омадааст, ки духтараш ғарқ шудааст.

“Мо аз камераи ҳамсоя дидем, ки ду духтар ба назди об мефарояд, аммо як духтар мебарояд. Мобайни сабт 31 дақиқа аст. Духтарча аз поён мебарояд, аммо фарзанди ман намебарояд. Аниқ фарзанди ман дар даруни об ғарқ шудааст”, – гуфтааст Аъзамхон Раҳматов.

Аз Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 13-уми феврал, ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки то ҳол Сафияхон Раҳматоваро пайдо накардаанд.

Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти ин Ситод гуфт, ки ҷустуҷӯи духтараки бедаракшуда идома дорад, аммо то ҳол натиҷае нест.

“То пайдо шудани духтараки бедаракшуда ҷустуҷӯро идома медиҳем”, – зикр кард Диловар Ҳамдамов.

Қаблан Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод бо назардошти эҳтимоли дар дарёи Сир ғарқ шудани Сафияхон, ҷустуҷӯро то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.

Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ки ҷустуҷӯро то пайдо шудани Сафияхон Раҳматова идома медиҳанд, аммо ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.

Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2023 55 нафар ғарқ шудаанд ва ҷасади 4 нафари онҳо то ҳол пайдо нагардидааст. Ин аввалин ҳодисаи ғарқшавӣ дар соли 2024 дар вилояти Суғд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...