Бозорҳои “Саховат”, “Ганҷина” ва “Панҷшер” ҳам тахриб мешаванд

Asia-Plus

Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бозорҳои “Саховат”, “Ганҷина”, “Панҷшер” ва даҳҳо хонае, ки дар пушти ин бозорҳо ҷойгир ҳаст, тахриб карда шуда, ба ҷои онҳо ё парки иноватсиноӣ ё идомаи Боғи ба номи Фирдавсӣ сохта мешавад. Дар ин бора Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда дирӯз, 14-уми феврал, замони муайяни тахриби ин бозорҳо, аз ҷумла кадом сол оғоз гардидани онро нагуфт, вале ишора кард, ки “тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар оянда бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” бояд ба дигар ҷой кӯчонида шаванд”.

Вай илова кард, ки масъалаи тахриби ин бозорҳо ду сол пеш, замоне ки муовини раиси шаҳри Душанбе буд, дар яке аз ҷаласаҳи шаҳрдорӣ бо ширкати Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бархоста буд.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, дар оянда агар имкониҳои молиявӣ зиёд бошад ба ҷои ин бозорҳо парки иноватсияонӣ сохта мешавад. Дар сурати маҳдуд будани имкони молиявӣ ин минтақа давоми Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ мешавад.

“Дар пушти ин бозорҳо як қишлоқи калон аст. Пардохт кардани ҷуброн барои хезонидани онҳо маблағи калонро талаб мекунад… Ин хароҷоте аст, ки аз буҷет бидуни пардохти андозу дигар пардохтҳо медиҳем. Ҳоло харҷи бартараф кардани хонаҳо ҳисоб нашудааст. Ин дар оянда аст, вале бовар дорам барои хезондани мардум шояд 100 млн сомонӣ лозим шавад”,- афзуд Умед Гуреззода.

Ӯ гуфт, барои сохтмони як маркази савдои замонавии нав мисли Бозори “Меҳргон” барои соҳибкорон пешниҳод манзур кардаанд ва дар сурати сохтмон ва ба истифода додани ин марказ тахриби ин бозорҳо оғоз хоҳад шуд.

Ҳоло маълум нест, ки сохтмони ин маркази савдои нав дар кадом минтақаи пойтахт  ва кай оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, ки танҳо баъди тахриби пурраи бозорҳо биноҳои пушти ин бозор тахриб мешаванд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир тахриби биноҳо ва иншооту марказҳои савдову хидматрасонӣ, инчунин бозорҳо, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, идома дорад. Дар асоси он садҳо хонаву марказҳои савдо ва бозорҳо тахриб шуда, ба ҷои онҳо бозорҳои нав ва ё биноҳои баландошёна сохта шуд.

Аз ҷумла, чанд сол пеш ҳадди ақал се бозори калонтарин Душанбе – “Ҷал-Ҷам”, “Султони Кабир” “Зелённий” тахриб карда шуда, савдогарони онҳо ба ҷои дигар кӯчонида шуданд.

Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи он биноҳову иншооти гуногун тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои замонавӣ сохта мешавад, расонаӣ намешавад. Мақомот сабаби онро бехатарии амниятӣ медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...