Пеш аз оғози Рамазон. Исроил санаи оғози ҳамла ба шаҳри Рафаҳи Фаластинро эълон кард

Asia-Plus

Агар Ҳамос ҳамаи гаравгонҳоро дар Ғазза раҳо накунад, Исроил рӯзи 10-уми март ба шаҳри Рафаҳ, ки дар ҷануби ин канора ҷойгир аст, ҳамла хоҳад кард. Дар ин бора Бенни Гантз, вазири кобинаи ҳарбии Исроил изҳор дошт.

Ба гузориши Би-би-сӣ, Исроил барои нахустин бор санаи мушаххаси амалиёт дар Рафаҳро, ки ҳудуди 1,5 миллион фаластинӣ дар он ҷо паноҳ бурдаанд, зикр кард.

Қаблан Оҷонси беҳдошти СММ хабар дода буд, ки яке аз бемористонҳои калидии Ғазза пас аз вуруди артиши Исроил аз фаъолият бозмондааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки барои арзёбии вазъ ба бемористони Носир дар Хон Юнис дар шимоли Рафаҳ иҷоза дода нашудааст.

Артиши Исроил рӯзи панҷшанбе вориди маҷмааи бемористон шуд ва гуфт, ки гузоришҳои истихборотӣ ҳокӣ аз аз он аст, ки Ҳамос дар он ҷо гаравгонҳоро нигаҳ медорад.

Бенни Гантз, вазири собиқи дифои Исроил, рӯзи якшанбе гуфт: “Ҷаҳон бояд бидонад ва раҳбарони Ҳамос бояд бидонанд, ки агар гаравгонони мо то Рамазон ба ватан барнагарданд, дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар минтақаи Рафаҳ, ҷанг идома хоҳад ёфт”.

Рамазон – моҳи барои мусулмонон муборак, дар назар аст, ки 10-уми  марти соли ҷорӣ оғоз шавад.

Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар пайи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил ва куштори 1200 нафару ба гарнаф гирифтани 253 нафар оғоз шуд. Баъди ин Исроил ба Ғазза ҳамла кард ва тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ ва созмонҳои беҳдоштӣ то кунун беш аз 27 ҳазор нафарро кушт. Аксари кушташудагон занону кӯдакон мебошанд.

Айни ҳол, ҳудуди 130 гаравгон дар Ғазза ҳанӯз дар дасти Ҳамос қарор дорад.

Бо вуҷуди фишорҳои байнулмилалӣ Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, қавл додааст, ки барои аз байн бурдани Ҳамос ба Рафаҳ низ ҳамла мекунад.

Миср ва баъзе кишварҳои дигари араб борҳо ҳушдор додаанд, ки ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ метавонад бисёре аз фаластиниёнро маҷбур ба фирор ба кишвари ҳамсоя кунад. Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ҳамла ба Рафаҳ “оқибатҳои хеле ҷиддӣ” хоҳад дошт.

Дар миқёси байналмилалӣ аз Исроил даъватҳои зиёде садо медиҳанд, ки аз ҳамла ба Рафаҳ худдорӣ кунанд.

Бо вуҷуди идомаи даргириҳо дар Ғазза, тайи рӯзҳои ахир дар Қоҳира талошҳо барои миёнҷигарии оташбас миёни Исроил ва Ҳамос идома доранд, ҳарчанд миёнаравҳои Қатар гуфтанд, ки пешрафт чандон умедбахш нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...