Дар Роштқалъа озодапаланг 18 чорворо нобуд кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми феврал, як озодапаланг ба молхонаи як сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуда, 18 сар чорвои майдаро нобуд кардааст, хабар медиҳад КҲФ.

Ин бори аввал нест, ки ҳайвоноти даранда ба оғилу чарогоҳҳои сокинон, ба вижа аҳолии ВМКБ ҳамла карда, чорвои хонагиро нобуд мекунад.

Дар гузашта ҳам, оид ба ҳамлаи озодапаланг ба чорвои сокинони ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.

Чанде пештар ҳам паланги барфӣ дар ноҳия Роштқалъа ба оғили як сокини деҳаи Намадроҷ ҳамла карда, 14 сар чорвои хонагии ӯро кушта буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат Барномаи давлатии ҳифзи озодапаланг барои солҳои 2024-2028 қабул гардид.

Барномаи мазкур дар се марҳила – солҳои 2024 – 2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории озодапаланг тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки озодпаланг ба Китоби сурх дохил шуда, шикораш манъ аст.

КҲФ ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– чорвочаронӣ танҳо рӯзона, вақте ҳаво рӯшан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

– фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тӯр печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст – онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;

– ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

– дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад.

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифозат карда шаванд.

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд. Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр тӯл дорад.
Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантимерт аст. Тӯли дандонҳои неши ин ҷонвар 28 миллиметр ва вазни он 25 то 55 килограм аст.
Вижагии дигари паланги барфӣ ҷойи будубоши он аст, ки дар минтақаҳои сарду пурбарф ва мавзеъҳои баланд ҳаёт ба сар мебарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...