Киберклуби «Cyber Gym»: Ошёни нав барои дӯстдорони бозиҳои виртуалӣ дар Душанбе

Таблиғот

24-уми феврал дар Душанбе клуби ҳаракати нави варзишӣ – киберклуби "Cyber Gym" ба фаъолият оғоз кард. Ин ҷоест, ки шавқу ҳавас ба бозӣ барои ҳар кадоме роҳи беҳтарини такмили маҳоратро боз мекунад.

Дар киберклуби "Cyber ​​​​Gym" дӯстдорони бозиҳои маҷозӣ (виртуалӣ) мувофиқи завқи худ 240 бозии гуногунро интихоб карда метавонанд. Нархҳо ҳам чандон баланд нест: аз 18 сомонӣ дар як соат.

Ифтитоҳи киберклубро президенти Федератсияи варзиши электронии ҷумҳурӣ Пӯлод Мухторов дастгирӣ кард.

Дар киберклуб барои варзишгарони ҳақиқии олами виртуалӣ (киберварзишгарон) бо истифода аз технологияҳои навтарини муосир тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар ин ҷо ба онҳо компютерҳои пурқувват, 2 минтақаи PS5, 2 шабеҳсози (симулятори) пойга, 5 минтақаи даставӣ барои мусобиқаҳои 5×5 дастрас аст. Илова бар ин, дар ин ҷо қаҳвахонаи барҳаво мавҷуд аст, ки дар он шумо метавонед натанҳо бо нӯшокиҳои болаззат ташнагиатонро шиканед, балки пеш аз набардҳои ҷолиб таъоми бомазза ҳам бихӯред.

Оғози фаъолияти клуб дар ҳолест, ки дар шаҳри Қазони Русия “Бозиҳои оянда” ҷараён дошта, дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарони дигар давлатҳои ИДМ ҳузур дошт.

Зимни чорабинӣ дар Қазон Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти дастгирӣ ва рушди киберварзишро таъкид дошта, онро қисми ҷудонашавандаи фарҳанги муосири варзишӣ унвон кард.

Директори киберклуб Одил Абдулҳақов зикр кард, ки набардҳои виртуалӣ натанҳо як фароғату дилхушӣ, балки имконест барои расидан ба қуллаҳои баланд дар ҷомеаи бозингарони маҷозӣ.

“Иштироки 35 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Бозиҳои оянда”, ки то 3 март идома меёбад, гувоҳи он аст, ки варзишгарони мо ба рақобат бо беҳтарин бозигарони ҷаҳон ва собит сохтани қувва ва маҳорати худ омодаанд”, – чунин мешуморад ӯ.

Киберклуби "Cyber Gym" натанҳо дарҳои худро боз намуд, балки ба як рамзи давраи нав дар ҳаёти бозиҳои виртуалии Тоҷикистон табдил ёфт.

Клуби бозиҳо дар суроғаи кӯчаи Бухоро, 33 воқеъ аст.

Маълумоти муфассал тариқи телефони зерин қобили дарёфт аст: +992 880300006

Ҳамчунин дар саҳифаи Instagram – @cybergym.tj  шумо хабарҳо ва иқдомҳои клубро пайгирӣ карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...