Додгоҳи Тошканд ҳукми 23 нафарро дар доираи парвандаи “Doc-1 Max” эълон кард

Додгоҳи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шоми дирӯз, 26-уми феврал, ҳукми 23 нафарро дар доираи парвандаи “Doc-1 Max” – доруе, ки аз истеъмоли он 68 кӯдак ба ҳалокат расидаву 16 кӯдаки дигар маҷрӯҳ шуд, эълон кард. Ба навиштаи сомонаи додгоҳи шаҳри Тошканд, Рагвендра Пратар, шаҳрванди Ҳиндустон ва раҳбари ширкати “Quramax Medikal” – ширкате, ки доруи “Doc-1 Max”-ро […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шоми дирӯз, 26-уми феврал, ҳукми 23 нафарро дар доираи парвандаи “Doc-1 Max” – доруе, ки аз истеъмоли он 68 кӯдак ба ҳалокат расидаву 16 кӯдаки дигар маҷрӯҳ шуд, эълон кард.

Ба навиштаи сомонаи додгоҳи шаҳри Тошканд, Рагвендра Пратар, шаҳрванди Ҳиндустон ва раҳбари ширкати “Quramax Medikal” – ширкате, ки доруи “Doc-1 Max”-ро вориди Ӯзбекистон кардааст, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Сардор Қариев, собиқ директори Агентии рушди саноати фармасевтӣ ва Маркази экспертиза ва стандартикунонии доруворӣ, маҳсулоти тиббӣ ва техникаи тиббии Ӯзбекистон ба муҳлати 18 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи кор дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба муҳлати 2 солу 6 моҳ маҳкум шуд.

Муовинони Қариев – Амирхон Азимов ва Нодирбек Мусоев ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Нурия Мирзаахмедова, мудире, ки ширкати “Quramax Medikal”-ро ба қайд гирифтааст, шартан 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ки 3 соли он озмоишӣ аст.

Сармуҳосиби ин ширкат Элёр Мирзаахмедов ба 4 соли зиндон маҳкум гардид.

Айбдоршавандагони дигар низ ба муҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳамчунин, додгоҳ маҳкумшудагонро муваззаф кардааст, ки ба хонаводаи 68 кушташда ва 16 кӯдаки маҷрӯҳшуда 75,6 миллиард сӯм (беш аз 6 млн доллари ИМА) товони зарари маънавӣ пардохт кунанд.

Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2022 ҷамъан 69 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Doc-1 Max” ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Ӯзбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.

Маҳз он замон Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дар Тоҷикистон ворид ва фурӯши ин дору расман манъ шудааст

Хотирасон мекунем, ки дар Тоҷикистон низ баъди паҳн гардидани хабари мазкур фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврали соли гузашта, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки аз дорувории мазкур ягон шикоят ба вазорат ворид нагардидааст ва оризае низ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазир гуфта буд, ки доруҳои мазкур аз фурӯш гирифта шуда, ба фурӯш баровардани онҳо манъ карда шудааст.

Бояд гуфт, қаблан аз Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар муассисаҳои савдои фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ 208 адад дорувории “Док-1 MAX” (100 мл) шарбат ва 269 ҳаб “ЕД Док-1 No10” муайян карда, онҳо барои санҷиши назоратӣ ба лаборатория супурда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ қаблан ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад ва маротибаи охир ин дору ба кишвар соли 2021 ворид гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.