Киберклуби «Cyber Gym»: Ошёни нав барои дӯстдорони бозиҳои виртуалӣ дар Душанбе

24-уми феврал дар Душанбе клуби ҳаракати нави варзишӣ – киберклуби "Cyber Gym" ба фаъолият оғоз кард. Ин ҷоест, ки шавқу ҳавас ба бозӣ барои ҳар кадоме роҳи беҳтарини такмили маҳоратро боз мекунад. Дар киберклуби "Cyber ​​​​Gym" дӯстдорони бозиҳои маҷозӣ (виртуалӣ) мувофиқи завқи худ 240 бозии гуногунро интихоб карда метавонанд. Нархҳо ҳам чандон баланд нест: аз 18 сомонӣ дар […]

Таблиғот

24-уми феврал дар Душанбе клуби ҳаракати нави варзишӣ – киберклуби "Cyber Gym" ба фаъолият оғоз кард. Ин ҷоест, ки шавқу ҳавас ба бозӣ барои ҳар кадоме роҳи беҳтарини такмили маҳоратро боз мекунад.

Дар киберклуби "Cyber ​​​​Gym" дӯстдорони бозиҳои маҷозӣ (виртуалӣ) мувофиқи завқи худ 240 бозии гуногунро интихоб карда метавонанд. Нархҳо ҳам чандон баланд нест: аз 18 сомонӣ дар як соат.

Ифтитоҳи киберклубро президенти Федератсияи варзиши электронии ҷумҳурӣ Пӯлод Мухторов дастгирӣ кард.

Дар киберклуб барои варзишгарони ҳақиқии олами виртуалӣ (киберварзишгарон) бо истифода аз технологияҳои навтарини муосир тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар ин ҷо ба онҳо компютерҳои пурқувват, 2 минтақаи PS5, 2 шабеҳсози (симулятори) пойга, 5 минтақаи даставӣ барои мусобиқаҳои 5×5 дастрас аст. Илова бар ин, дар ин ҷо қаҳвахонаи барҳаво мавҷуд аст, ки дар он шумо метавонед натанҳо бо нӯшокиҳои болаззат ташнагиатонро шиканед, балки пеш аз набардҳои ҷолиб таъоми бомазза ҳам бихӯред.

Оғози фаъолияти клуб дар ҳолест, ки дар шаҳри Қазони Русия “Бозиҳои оянда” ҷараён дошта, дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарони дигар давлатҳои ИДМ ҳузур дошт.

Зимни чорабинӣ дар Қазон Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти дастгирӣ ва рушди киберварзишро таъкид дошта, онро қисми ҷудонашавандаи фарҳанги муосири варзишӣ унвон кард.

Директори киберклуб Одил Абдулҳақов зикр кард, ки набардҳои виртуалӣ натанҳо як фароғату дилхушӣ, балки имконест барои расидан ба қуллаҳои баланд дар ҷомеаи бозингарони маҷозӣ.

“Иштироки 35 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Бозиҳои оянда”, ки то 3 март идома меёбад, гувоҳи он аст, ки варзишгарони мо ба рақобат бо беҳтарин бозигарони ҷаҳон ва собит сохтани қувва ва маҳорати худ омодаанд”, – чунин мешуморад ӯ.

Киберклуби "Cyber Gym" натанҳо дарҳои худро боз намуд, балки ба як рамзи давраи нав дар ҳаёти бозиҳои виртуалии Тоҷикистон табдил ёфт.

Клуби бозиҳо дар суроғаи кӯчаи Бухоро, 33 воқеъ аст.

Маълумоти муфассал тариқи телефони зерин қобили дарёфт аст: +992 880300006

Ҳамчунин дар саҳифаи Instagram – @cybergym.tj  шумо хабарҳо ва иқдомҳои клубро пайгирӣ карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.