Қатъи фаъолияти “CONTACT”. Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, барои баргардонидани маблағи шаҳрвандон талош дорад

Asia-Plus

Дар пайи бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк аз сӯйи Бонки марказии Русия, фаъолияти низоми пардохти “CONTACT” низ қатъ гардид. Оператори ин низоми пардохт QIWI-банк аст.

Низоми пардохти “CONTACT” миёни муҳоҷирони тоҷик маъмул буд ва маблағи онҳоро ба ватан интиқол медод. Баъди боздошти фаъолияти ин низоми пардохт муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ба миён омад.

Ин мушкилро Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдтиқ карда, зикр мекунад, ки барои ҳалли он талош дорад.

“Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст”, – зикр мегардад дар изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон.

Танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки барои баргардонидани маблағи интиқолшуда аз имконоти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон амалкунанда истифода хоҳад шуд ё не.

Зеро соли 2019, вақти ба кор оғоз кардани ин марказ, зикр гардид, ки “мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад”.

Он замон танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон созмонҳои қарзии хориҷиро, ки низоми пардохташон дар Тоҷикистон фаъолият мекард, муваззаф намуд, дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ боз кунанд. Ва танҳо дар сурати мавҷуд будани миқдори муайяни маблағ дар ин ҳисобҳо, иҷозат дода шуд, ки фаъолият кунанд. Танзимкунанда миқдори пулеро, ки бояд дар ин ҳисобҳо бошад, мушаххас накардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...