Қатъи фаъолияти “CONTACT”. Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, барои баргардонидани маблағи шаҳрвандон талош дорад

Дар пайи бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк аз сӯйи Бонки марказии Русия, фаъолияти низоми пардохти “CONTACT” низ қатъ гардид. Оператори ин низоми пардохт QIWI-банк аст. Низоми пардохти “CONTACT” миёни муҳоҷирони тоҷик маъмул буд ва маблағи онҳоро ба ватан интиқол медод. Баъди боздошти фаъолияти ин низоми пардохт муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои […]

Asia-Plus

Дар пайи бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк аз сӯйи Бонки марказии Русия, фаъолияти низоми пардохти “CONTACT” низ қатъ гардид. Оператори ин низоми пардохт QIWI-банк аст.

Низоми пардохти “CONTACT” миёни муҳоҷирони тоҷик маъмул буд ва маблағи онҳоро ба ватан интиқол медод. Баъди боздошти фаъолияти ин низоми пардохт муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ба миён омад.

Ин мушкилро Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдтиқ карда, зикр мекунад, ки барои ҳалли он талош дорад.

“Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст”, – зикр мегардад дар изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон.

Танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки барои баргардонидани маблағи интиқолшуда аз имконоти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон амалкунанда истифода хоҳад шуд ё не.

Зеро соли 2019, вақти ба кор оғоз кардани ин марказ, зикр гардид, ки “мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад”.

Он замон танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон созмонҳои қарзии хориҷиро, ки низоми пардохташон дар Тоҷикистон фаъолият мекард, муваззаф намуд, дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ боз кунанд. Ва танҳо дар сурати мавҷуд будани миқдори муайяни маблағ дар ин ҳисобҳо, иҷозат дода шуд, ки фаъолият кунанд. Танзимкунанда миқдори пулеро, ки бояд дар ин ҳисобҳо бошад, мушаххас накардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио