Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 эҳтимол ду даста ширкат накунанд

Пеш аз мавсими нав ҳамаи дастаҳои футболи Тоҷикистон аз марҳилаи аввали дарёфти иҷозатнома (литсензия) гузаштанд. Масъалаи дарёфти иҷозатнома барои иштирок дар мавсими нав дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баррасӣ шуд. Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, маълум шуд, ки якбора ду даста – «Кӯктош» ва «Файзканд» ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Пеш аз мавсими нав ҳамаи дастаҳои футболи Тоҷикистон аз марҳилаи аввали дарёфти иҷозатнома (литсензия) гузаштанд.

Масъалаи дарёфти иҷозатнома барои иштирок дар мавсими нав дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баррасӣ шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, маълум шуд, ки якбора ду даста – «Кӯктош» ва «Файзканд» ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор гашта, ширкати онҳо дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон зери суол аст.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ пешниҳод карданд, ки то рӯзи душанбе вазъро омӯхта, ба як қарор бирасанд – дар мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон чанд даста ширкат мекунад ва мусобиқот аз рӯйи кадом формула баргузор мешавад.

Ҳамчунин масъалаи лимити иштироки бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон матраҳ гардида, мисли соли гузашта, дар мавсими нав ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад ба рӯйхати худ ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро ворид кунад.

“Аммо бар асоси қарори нави Кумитаи иҷроияи федератсия дар дархости бозӣ шумораи бозигарони хориҷӣ маҳдудият намешавад – акнун ҳамаи ҳафт футболбози хориҷӣ метавонанд дар як вақт дар майдон бошанд”, – омадааст дар хабари Федератсия.

Ғайр аз ин, Шоҳрух Саидзода, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, президенти бошгоҳи «Истиқлол» пешниҳод кард, ки мақоми Ҷоми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ боло бурда, фонди ҷоизавии калонтар барои Ҷоми кишвар таъсис дода шавад.

Ҳамчунин дар ҷаласа ба масъалаи таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар Тоҷикистон, ки дар он варзишгарон тавонанд пурра хизматрасониҳои тиббиро дастрас намоянд ва барои барқарорсозӣ пас аз ҷароҳат табобат гиранд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бо пешниҳоди аъзои Кумита ин масъала бояд дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дигар федератсияҳои варзишии кишвар баррасӣ ва ҳал карда шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки чун соли гузашта чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда боқӣ мемонанд.

Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 5 дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум рақобат мекунанд.

Боқимонда 5 дастаи дигар дар як давр дар гурӯҳи “Б” бозӣ карда, барои ишғоли зинаҳои аз 6 то 10-ум ва боқӣ мондан дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои мавсим 2 дастаи зинаи охир Лигаи олиро тарк карда, мавсими навро дар Лигаи якум оғоз мекунанд. Дар мавсими футбол-2023 ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.

Қобили зикр аст, ки барои иштирок дар чемпионат ҳамаи дастаҳо ӯҳдадоранд, ки маблағи аъзоҳаққӣ пардохт кунанд, ки талаботи ФИФА аст. Имсол он барои дастаи Лигаи олӣ 80 ҳазор сомонӣ ва Лигаи якум – 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ивази он бояд ба дастаҳо кумак расонида шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.