Ҳуқуқшинос: “Тағйирот ба Қонун “Дар бораи маориф” мухолифи Конститутсия аст”

Asia-Plus

Ду ҳафта пеш, 20-уми феврал, палумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф”-ро қабул кард, ки яке аз муҳимтарин нукоти он ҳатмӣ шудани таҳсили миёнаи умумӣ дар кишвар буд. Дастандаркорони тағйирот ин иқдомро намоиши садоқати давлат ба тарбияи ҷавонон арзёбӣ мекунанд, ҳуқуқшиносон мухолифи меъёри сарқонун меҳисобанд.

Дар асоси тағйироти воридгардида, ҳамакнун таҳсили миёнаи умумӣ (синфи 10 ва 11) ҳатмӣ гардид ва дар сурати қатъи он, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва баъди хатми он хонандагон метавонистанд қатъи таҳсил кунанд.

Тибқи моддаи 41-и Конститутсияи Тоҷикистон танҳо таълими умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад, аммо дар хусуси ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи миёнаи умумӣ сухане гуфта намешавад.

“Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад…”, – зикр мегардад дар моддаи 41-и қонуни асосии кишвар.

Вакили парлумон: Мухолифат намекунад!

Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар парлумони кишвар зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “моҳиятан тағйиру иловаҳо ба моддаи 41-уми Сарқонуни Тоҷикистон мухолифат намекунад ва давлат ӯҳдадории худро барои таҳсили ҷавонон таъмин кард”.

“Чунин тарҷиба дар дигар давлатҳо ҳам, аллакай ҷорӣ шудааст ва мо баъди омӯзиши таҷрибаи онҳо, чунин тағйиру иловаҳоро ворид кардем”, – гуфт Насиба Содиқӣ.

Ҳуқуқшиносон: Мухолифи Конститутсия аст!

Ба андешаи ҳуқуқшинос, тағйироту иловаҳои ба Қонун “Дар бораи маориф” воридгардида, мухолифи қонуни асосии кишвар аст.

Баҳодур Раззоқов, доктори илми ҳуқуқ мегӯяд, ба назар чунин менамояд, ки иқдоми мазкур аз умқи вазорати мудофиа баромадааст…

“Наход як дастаи калони ҳуқуқшиносон дар мақоми қонунгузор ва вазорати маориф ба мухолифати бевоситаи он (Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф” дар назар аст. -идора) бо моддаи 41-и Конститутсия эътибор надода бошанд?”, – суол мегузорад Баҳодур Раззоқов.

Ӯ таъкид мекунад, ки тибқи моддаи 10-и Конститутсия қонунҳое, ки хилофи он мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

“Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд…”, – зикр мегардад дар моддаи 10-и Конститутсияи Тоҷикистон.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик ҳам ба ин нукта ишора карда, мегӯяд, зимни таҳияи лоиҳа оид ба ислоҳоти конститутсионӣ яке аз масалаҳое, ки атрофи он баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ дар матбуоти даврӣ сурат гирифт, маҳз ба ҳамин моддаи Конститутсия (моддаи 41-и Конститутсия дар назар аст.-идора) рабт дошт.

Ӯ мегӯяд, ҳадафу ангезаи субъекти ташаббуси қонунгузорӣ шоистаи дастгирӣ аст, аммо раванди татбиқу амалӣ кардани чунин идеяи хуб дар шароити давлати ҳуқуқбунёд риояи бечуну чарои тартиби муқарраршударо низ тақозо мекунад.

Ва бо ишора ба моддаи 10-и Конститутсия таъкид мекунад, ки “мувофиқи мақсад мебуд агар аввал меъёри табиати ҳуқуқии императивӣ доштаро ба моддаи марбутаи Конститутсия тариқи раъйпурсӣ ворид карда, баъд матни Қонун “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои ҳуқуқтатбиқкунандаро ба он мувофиқ менамуданд”.

Ёдовар мешавем, ки зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф” Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кард, ки “ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф ва раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад".

Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳур дар парлумон ҳам гуфт, дар маҷмӯъ, мақсадҳое, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, ба манфиати ҷомеа, хусусан ҷавонон, мебошанд.

Аммо дар хусуси чӣ гуна мувофиқ кардани тағйиротҳои воридгардида бо қонуни асосии кишвар ишора нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...