“Фурсати донистан”: Муҳлати гузаронидани амалҳои иҷро чӣ қадар аст?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи муҳлати гузаронидани амалҳои иҷроро баррасӣ карданд.

 

Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оиди мӯҳлатҳои гузаронидани истеҳсолоти иҷро чигуна муқаррарот  пешбинӣ намудааст?

Мувофиқи моддаи 18 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки  амалҳои иҷро вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян)  ӯҳдадор менамоянд, дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

 

Кадом варақаҳои иҷро фавран иҷро  карда мешаванд? Оё номгуйи чунин ичроварақаҳо дар қонун пешбинӣ гардидааст ё не? 

Мувофиқи қисми 2  моддаи 18 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин фаврӣ  иҷро карда мешаванд:

1) оид ба ситонидани маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат, падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ (алиментҳо), музди меҳнат ё музди дигар барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рӯёнидани маблағи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷати иҷро рӯёнидани фаврии онҳоро пешбинӣ намояд;

2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;

3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;

4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;

5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;

6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;

7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;

 

Тарафҳои истеҳсолоти иҷро, яъне ситонанда ва қарздор дар марҳилаи иҷро   дорои кадом ҳуқуқҳо мебошанд?

Дар моддаи 21  Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар бораи ҳуқуқҳои ситонанда ва қарздор дар истеҳсолоти иҷро меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. 

Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқ доранд, ки:

– бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, 

– аз  маводҳои истеҳсолоти иҷро  иқтибос гиранд, 

– нусха бардоранд,

– маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, 

– дархостҳо пеш оранд, 

– дар рафти амалҳои иҷро иштирок кунанд, 

-дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд,

– барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор ва собит намоянд,- ваҷҳу далелҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷроро рад намоянд, 

– то ба охир расидани истеҳсолоти иҷро созиши оштии аз ҷониби суд тасдиқшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд, 

– аз иҷро даст кашанд, аз болои қарор, амали (беамали) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд.

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...