Намояндаи Толибон гуфт, тамоми кӯшишро мекунанд, то миёни онҳо ва ҳамсоякишварҳо эътимод вуҷуд дошта бошад

Date:

Як намояндаи Толибон* чанд рӯз пештар ва пас аз изҳороти вазири мудофиаи Русия бори дигар таъкид кардааст, ки “амнияти марзӣ миёни Афғонистон бо тамоми кишварҳои ҳаммарз, бахусус Тоҷикистон, таъмин шудааст” ва дар оянда тамоми кӯшишро мекунанд, то эътимод вуҷуд дошта бошад.

Ба навиштаи хабаргузории “Тулӯънюз”, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, “ҳеҷ як ҳамсояи мо аз хоки Афғонистон, ба хусус ҳамсояҳои мо, ки дар шимол ҷойгиранд, ба мушкилот дучор нахоҳанд шуд”.

“Имороти Исломӣ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва равобити хуб барқарор кунад, то миёни онҳо эътимод вуҷуд дошта бошад ва онҳо Афғонистонро хатаре эҳсос накунанд”, – иброз доштааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Изҳороти намояндаи Толибон дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде пештар дар ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскави Русия тарҳи таҳкими амнияти марзӣ миёни узви ин созмон бо Афғонистон баррасӣ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Забеҳулло Муҷоҳид

Пас аз он Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, Афғонистонро бузургтарин таҳдид барои минтақа номид ва гуфт, вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз печида аст.

Шойгу рӯзи 27-уми феврал дар дидор бо мақомоти баландпояи низомии Русия гуфт, қудрати ДОИШ дар як соли ахир 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, дар “Шашумин нишасти амниятии Афғонистон” дар Бишкек гуфта буд, дар Афғонистон 20 созмони террористӣ бо 23 ҳазор ҷангҷӯ таҳти назорати Толибон ҳузур доранд.

Бояд гуфт, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 аз сӯйи Толибон, ниҳодҳо ва ҷомеаи байнулмилалӣ ва минтақаӣ ҳамвора аз афзоиши гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ дар хоки ин кишвар нигаронӣ мекунанд ва онро таҳдиди бузурге ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...