Дар Ҳисор аз дуди ангишт 3 узви як оила ҷон бохтанд

Asia-Plus

Шаби 5 марти соли равон бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ахиран ин ҳодисаи дуюми аз дуди ангишт ҳалок шудани як оила аст. Ёдрас мекунем, ки шаби 28 феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.

Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

– бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

– ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

– ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

– ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.

Ёрии аввалин барои заҳролудшавӣ:

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

– Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

– Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед

– Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

– Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...