Мунтахаби футболи Тоҷикистон 1 млн 450 ҳазор евро қимат шуд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тавре ки портали Transfermarkt хабар медиҳад, мунтахаби футболи Тоҷикистон 1 млн 450 ҳазор евро қимат шуда, айни замон 8 млн 380 ҳазор евро нарх дорад.

Синнусоли мунтахаби Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 24, 4 солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин рӯйхати даҳгонаи (топи) футболбозони дастаи мунтахаб таҳия шудааст.

Дар зинаи 1-ум дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов қарор дорад, ки 1 млн 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст. Ӯ гаронтарин дарвозабони минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, Ятимов ба даҳгонаи гаронтарин бозингарони минтақа шомил гардидааст.

Зинаи 2-юмро ду нафар – Зоир Ҷӯрабоев (“Нефтчӣ”, Ӯзбекистон) ва Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”) ишғол мекунанд, ки ҳар кадоме 700 ҳазор евро нарх доранд.

Футболбози ЦСКА-и Булғористон Парвиз Умарбоев 250 ҳазор евро “арзон шуда”, акнун нархаш 500 ҳазор евро аст. Ҳамроҳи ӯ дар зинаи 3-юм Эҳсони Панҷшанбе ҷойгир шудааст.

Зинаи 4-умро якбора 3 футболбози дастаи мунтахаб ишғол мекунанд: Комрон Турсунов аз тими «Гокулам Керали»-и Ҳиндустон, Амадонӣ Камолов ва Ваҳдат Ханнонов аз “Персеполис”-и Эрон, ки ҳар кадоме 450 ҳазор евро нарх доранд.

Дар зинаи 5-ум Алишер Шукуров аз “Динамо”-и Тифлис ва Шаҳром Самиев, ки чанде пеш аз “Милсами”-и Молдова ба “Андиҷон”-и Ӯзбекистон гузашт, қарор доранд. Онҳо ҳар кадоме 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Дар зинаи 6-ум футболбози “Нефтчӣ”-и Фарғона Манучеҳр Сафаров (350 ҳазор евро),  7-ум – Аҳтам Назаров (“Истиқлол”) ва Рустам Соиров ки имсол тариқи трансфер аз “Локомотив”-и Тошканд ба “Истиқлол” омад, ҷой гирифтаанд. Нархи ҳар кадоме аз ду нафари охир 250 ҳазор евро зикр шудааст.   

Аз рӯи арзиш дар зинаи 8-ум футболбозони “Истиқлол” Содиқҷон Қурбонов ва Шервони Мабатшоев қарор доранд, ки ҳар кадоме 225 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд. Дар ҷойи 9-ум Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”) ва Муҳаммадҷон Раҳимов (“Равшан” қарор доранд, ки ҳар кадоме 175 ҳазор евро нарх доранд.

Дар охири даҳгонаи гаронтаринн бозингарон Алиҷони Айнӣ аз “Самгурали”-и Гурҷистон ва Муҳриддин Ҳасанов аз “Истиқлол” ҷойгиранд, ки ҳар яке 150 ҳазор евро нарх доранд.

Дар идома Табрез Исломов («Истиқлол») –  125 ҳазор евро, Вайсиддин Сафаров (КМВА), Руслан Хайлоев («Тюмен»), Холмурод Назаров («Равшан»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот») – ҳар кадоме 100 ҳазор евро, Далер Баротов («Истаравшан») ва Далер Имомназаров («Эсхата») –  ҳар кадоме 75 ҳазор евро қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар роҳ ёфт. Пас аз ин дастаҳои футболи кишварҳои гуногун ба футболбозони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла баъди ин мусобиқа чанде аз футболбозон бо дастаҳои гуногун қарордод бастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...