Оғози бобарор. Зиёда аз 9,1 млн доллар даромад аз ҳисоби фурӯши нашри аввали вомбаргҳои давлатӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни фурӯши вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатии нашри якум ба охир расид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии коғазҳои қиматнок ва сабти махсуси Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд. “Ҳамаи вомбаргҳои нашршуда ба фурӯш рафтанд. Нашри дуюм ва минбаъдаи вомбаргҳои давлатӣ мувофиқи ҷадвал сурат мегирад”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар назар аст, ки минбаъд ҳаҷми нашри вомбрагҳои давлатӣ зиёд мешавад.

Ҳаҷми умумии нашри аввал, тибқи маълумоти Агентӣ, 100 млн сомонӣ (зиёда аз 9,1 млн доллар)-ро ташкил дод.

Арзиши номиналии ҳар як вомбарг – 1000 сомонӣ аст. Аз рӯи муҳлати муомилот вомбаргҳои давлатӣ ба 3 навъи зерин ҷудо мешаванд:

– бо муҳлати гардиши 6 моҳ ва 8% даромади солона;

– бо муҳлати гардиши 12 моҳ ва 10% даромади солона;

– бо муҳлати гардиши 24 моҳ ва 12% даромади солона.

Таъкид шуд, ки вомбаргҳои давлатӣ дар ҶСП “Маҳфуздорандаи марказӣ” ба ҳисоб гирифта ва нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин ҷо ба ҳар як нашр коди байнулмилалии идентификатсионии ISIN дода мешавад.

Маблағгузорӣ ба вомбаргҳои давлатӣ сатҳи баланди эътимоднокӣ дошта, онҳоро ба яке аз воситаҳои ҷолибтарини бозори молиявӣ табдил медиҳад. Даромад аз вомбаргҳои давлатӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, андозбандӣ намешавад.

Ҷойгиркунии пешакии тақвими нашри вомбаргҳои давлатӣ дар сомонаи Вазорати молияи кишвар ба харидорони имконпазир имкон медиҳад, ки пешакӣ бо ҳаҷмҳои нашри вомбаргҳои давлатӣ шинос шаванд.

“Ҳар як каси хоҳишманд, аз ҷумла сармоягузори хориҷӣ низ тариқи иштирокчиёни мустақим дар савдои вомбаргҳои давлатӣ метавонад вомбарги давлатӣ харад”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Хоҳишмандон барои дарёфти машварат ва харидани вомбаргҳои давлатӣ метавонанд ба ширкати брокерии Прайм Инвест (www.primeinvest.tj) ё ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” муроҷиат кунанд.

Оғози бобарор

Нашри аввали вомбаргҳои давлатӣ 17 январи соли 2024 баргузор шуда, коғазҳои қиматнок дар Биржаи фондии Осиёи Марказӣ, ки аз соли 2015 амал мекунад, ҷойгир карда шуданд.

То ин замон дар ин майдон танҳо саҳмия ва вомбаргҳои коғазҳои қиматноки корпоративӣ – саҳмия ва вомбаргҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, бонк ва дигар муассисаҳои корпоративӣ хариду фурӯш мешуданд. Дар ин биржа ҳамчунин дигар воситаҳои молиявиро ҷойгир кардан имкон дорад.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки ҳукумат ба масъалаи рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

“Вазифаи асосии бозори коғазҳои қиматнок ҷалби сармоя барои рушди иқтисодӣ аст”, – таъкид доштан дар Агентӣ.

Пулҳо ба куҷо равона мешаванд?

Дар Агентии коғазҳои қиматнок зикр карданд, ки уҳдадориҳои давлатии қарзӣ механизми бештар муассири сафарбар намудани захираҳои зарурӣ ва афзоиши имконоти давлат мебошанд.

“Коғазҳои қиматноки давлатӣ бо мақсади рӯйпӯш кардани касри буҷет, камбуди молиявии буҷет, ҷалби маблағ барои амалисозии лоиҳаҳои бузург, инчунин ҷалби маблағ барои пардохти қарз аз рӯи коғазҳои қиматноки пештар нашршуда ба муомилот бароварда мешаванд”, – шарҳ доданд онҳо.

Дар Агентӣ таъкид доштанд, ки нашри коғазҳои қиматнок ба танзими ҳаҷми пул, таваррум, таъсир ба қурби асъор, дубора тақсим намудани сармоя миёни иштирокчиёни бозори молиявӣ имкон медиҳад.

“Доираи васеи вазифаҳое, ки бозори коғазҳои қиматнок иҷро мекунад, рӯзмарра будан ва аҳаммияти бузурги мушкилоти рушд ва фаъолияти ин бозорро таъкид мекунад. Илова бар ин, коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳамчун нишондиҳандаи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар амал мекунанд”, – илова карданд дар Агентӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...