Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳарчанд бемориҳои сироятӣ коҳиш ёфтаанд, аммо бемориҳои ғайрисироятӣ зиёд шудаанд. Бемориҳои сироятие, ки тариқи истеъмоли ғизо мегузаранд, исҳоли хунин (диарея), домана, кирмҳои меъдаю рӯда (гелментҳо) мебошанд. Бемориҳои маъмули ғайрисироятӣ, ки имрӯз зиёд шудаанд, ин фишорбаландӣ, бемории дилу рагҳо, фарбеҳӣ ва диабети қанд ба ҳисоб мераванд. Ин бемориҳо аксар аз риоя накардани реҷаи истеъмоли ғизо хуруҷ мекунанд.
Истеъмоли бемаҳдуд ва пайвастаи хӯрокҳои серғизо, аз қабили гӯшт, маҳсулоти хамирӣ, шириниҳо ва ғайра сабабгори ин бемориҳо мегарданд. Имрӯз бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд миёни занҳо зиёданд. Вале мутобиқи дастур ва талаботи муқаррарӣ ҳар оила бояд ҳафтае 15 кг маҳсулоти тару тозаи меваю сабзавотро истеъмол намояд.
Таъсири бади бемориҳои номбаршуда дар маҷмӯъ ба ҳолати саломатии одамон ва дарозумрии онҳо, ҳатто чанд маротиба аз хатарҳое, ки тамокукашӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ ба инсон меорад, бештар шудааст.
Бинобар ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда дар соли 2024 ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳи бештар равона гардад. Барои фаҳмидани моҳияти ин масъала махсусан саҳми занон муҳим аст. Зеро дар таҳияи ғизо занҳо нақши асосӣ доранд.
Бо ишор ба он ки занҳо харид карданро дӯст медоранд, онҳо бояд ба сифату махсусиятҳои маҳсулоти харидориашон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кунанд. Маҳсулотро муқоиса кунанд, аз фурӯшанда вобаста ба сифату махсусиятҳои маҳсулот пурсанд. Зеро ғизои асосии хонаводаҳо аз маҳсулоте тайёр мешавад, ки онҳо аз бозору дӯконҳо мехаранд.
Мутаассифона, саводи ҳуқуқиву фарҳангии на ҳамаи занҳо ба дараҷаест, ки ҳангоми хариди маҳсулот огоҳ бошанд. Онҳо аз талаботи Қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда” ба таври зарурӣ огоҳ нестанд. Аксари истеъмолкунандагон дар интихобу хариди молу маҳсулот ба саҳлангориву саросемагӣ роҳ медиҳанд ва дар истифодаи молу маҳсулот иштибоҳ менамоянд. Дастури пешниҳоднамудаи соҳиби молро дуруст намехонанд ва шефтаи ороишоти қуттиҳову расмҳои тарғиботии он гардида, аз фурӯшанда чеки хазинаро талаб намекунанд.
Аз ин ҳолат бархе савдогарони бевиҷдон суистифода карда, ба харидорон маҳсулоти бесифат ва баъзан зараровари худро “бор” мекунанд. Дуруст аст, ки раванди шикояти мардум аз болои чунин савдогарони беинсоф рӯз ба рӯз меафзояд, вале гуфтан душвор аст, ки он қонеъкунанда бошад.
Пӯшида нест, ки як қисми модарон ё аз серкорӣ, ё ба хотири осонии кори худ маблағҳои зиёде сарф намуда, хӯрокҳои сунъиро аз бозору дӯконҳои маҳаллӣ харидорӣ мекунанд, ки ин амали эшон ҳам ба иқтисодиёти аҳли хонадонашон таъсири манфӣ дорад ва ҳам ба саломатии кӯдакони хеш хатари ҷиддиро ворид месозад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба хотири ҳифзи сиҳатии генафонди миллати тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар, барномаҳои гуногун қабул ва роҳандозӣ мегардад.
Ҳоло тариқи истеъмоли ғизо анқариб 200 беморӣ ба одамон сироят мекунад. Маъмулан, барангезандагони аксари бемориҳои сироятӣ дар таркиби обу ҳаво ва хок мавҷуданд ва ҳангоми риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ ба сабзавот зарар мерасонанд.
Аз нигоҳи аввал, истеъмолкунанда мавҷудияти барангезандагони бемориро дар меваю сабзавот эҳсос намекунад ва зарари онҳо баъди истифода маълум мешавад. Аксаран меваю сабзавотро хуб тоза накарда, истеъмол мекунанд ва барангезандагони беморӣ ба организм таъсир мерасонаду сабабгори гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мегарданд. Ин нуктаро на ҳама занҳо медонанд.
Миёни мардум тайёр кардани хӯришҳо аз меваю сабзавот маъмул аст ва ин амалро аксари занон дар хона анҷом медиҳанд. Аммо баъзан аз сабаби риоя накардани қоидаҳои муҳими тайёр кардани хӯришҳо дар бонкаҳо одамон заҳролуд мешаванд, ки ин бемориро ботулизм меноманд.
Барангезандаи ин беморӣ дар таркиби хок мавҷуд аст ва агар меваю сабзавотро дуруст тоза накарда, хӯриш омода кунанд, имкони заҳролуд гаштани хӯриш ба миён меояд. Сабаби дигар дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштани хӯрокворӣ аст. Маводи ғизоӣ бояд дар зарфҳои махсус дар ҷойи мувофиқ нигоҳ дошта шавад. Болои зарф ҳатман бояд пӯшида бошад. Хӯроки шабмондаро дар яхдон, дар ҷойи зарурӣ нигоҳ доштан зарур аст. Агар ғизои шабро дар ҷойи номувофиқ нигоҳ дорему баъд истеъмол кунем, хатари сироятёбӣ бештар мегардад.
Обро ҳам бояд дар зарфҳои махсус, дар ҷойи мутобиқ нигоҳ дошт. Аксар бонувон дар деҳот ба сатилҳо ва зарфҳои болокушода об гирифта, дар рӯйи ҳавлӣ нигоҳ медоранд. Агар болои онҳо пӯшида набошанд, ҳатман барангезандагони бемориҳо ба об меафтанд, ки ин хатарнок аст.
Шояд дар олам кам миллатҳое ёфт шаванд, ки чун тоҷикон таомҳои лазизу фоидабахш дошта бошанд. Аммо бархе аз занҳои муосир ба хӯрокҳои нимтайёри зараровар дил баста, барои осонии кор аз онҳо фаровон истифода мебаранд, ки боиси таассуф аст. Солҳои пеш байни бонувони деҳот як навъ сабқат дар тайёр намудани хӯроку нонҳои ҳархела мерафт ва тамоми деҳа медонистанд, ки кадом зан оши борикро мисли ришта мебураду чаппотию кулча ё фатири кадоме хушмазаву калон аст.
Аз рӯи мушоҳидаҳоямон мебинем, ки ҳатто дар деҳот ҳам занон беҳавсала шудаанду ба ҷойи оши борик ё угрои маъмулӣ макаронҳои бемаззаи хитоиро истифода мекунанд.
Ғизо дар он ҳолат солим ба ҳисоб меравад, ки аз ҳама намуд барангезандаҳои сирояткунанда ва заҳролудкунанда эмин бошад. Барои эмин нигоҳ доштани хӯрокворӣ пеш аз ҳама маълумоти хуб бояд дошт. Ин маълумотро пеш аз ҳама, ки таҳиякунандаи ғизои аҳли оилаанд, бояд дуруст донанд.


