Маркази миллии тестӣ бори дигар аз аҳолӣ хост, барои донишҷӯ шудан ба қаллобон пул надиҳанд

Asia-Plus

Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ хостааст, зимни супоридани имтиҳон ва дохилшавӣ ба макотиби олӣ ба қаллобон бовар накунанд, зеро ҳеҷ кас ба натиҷаҳои имтиҳонҳои довталабон таъсир расонида наметавонад.

Ин ниҳод бо нашри як муроҷиатномаи махсус гуфтааст, ки дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳо ба довталабон шаффофиятро кафолат медиҳад ва “ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ, тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар имтиҳонҳо роҳ дода намешавад”.

Ин марказ эътироф кардааст, ки эҳтимоли фиреби аҳолӣ барои дохил кардани фарзандонашон аз сӯи шахсони авомфиреб ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ба ивази маблағ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, онҳо ҳушёр бошанд, ки “фирефтаи чунин қаллобон нашаванд”.

ММТ гуфтааст, ҳамаи раванди имтиҳонсупорӣ дар марказ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ гузаронида шуда, бехатарию махфияти иттилоот низ таъмин мешавад. Ҳамчунин онҳо гуфтаанд, дар синфхонаҳои имтиҳонсупорӣ кадурбинҳои насб шудааст ва падару модарон ва хоҳишмандон метавонанд ин равандро мушоҳида кунанд.

“Ҳар шахси солимақл дарк менамояд, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад”, – гуфтааст ММТ.

Ин ниҳод аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз амалҳои қаллобии марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти ММТ дар байни ҷомеа бетараф набошанд.

“Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунониданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил намудан ёрӣ расонида метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, ба Марказ алоқамандие дошта бошанд ҳам, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!”, – гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ММТ.

Дар ҳолати бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардидан, таъҷилан бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-73 ба марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунед.

Огоҳии ММТ дар ҳолест, ки ҳамасола нархи давлатии хидматрасонии марказ баланд мешавад. Аз ҷумла, ду соли охир ин разиш 30 сомонӣ қиммат мешавад. Аз ҷумла, соли равон барои хатмкунандагони синфи 11-ум 330 сомонӣ (соли 2023 – 300 сомонӣ буд) ва барои хатмкунандагони синфи 9 230 сомонӣ (соли 2023 – 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.

ММТ бо оғози давраи бақайдгирии довталабон ки ҳамасола 1-уми март озоз мешавад, чунин ҳушдоре ба аҳолӣ нашр мекунад. Соли гузашта ҳам аз аҳолӣ даъват карда буд, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд.

Вале тарҷиба нишон медиҳад, ки баъзеҳо барои дохил кардани фарзандонашон ба шахсони алоҳида маблағ медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо мақомот аз боздошти чунин шахсон хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...