Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то охири моҳи март дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. Бахусус ин ба ноҳияҳои кӯҳӣ дахл дорад, ки дар онҳо баъзан боридани барф пешбинӣ мешавад. Давоми се рӯз дар қаламрави ҷумҳури обуҳавоӣ боронӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 28-29 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, инчунин роҳҳои мошингарди Душанбе – […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то охири моҳи март дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. Бахусус ин ба ноҳияҳои кӯҳӣ дахл дорад, ки дар онҳо баъзан боридани барф пешбинӣ мешавад.

Давоми се рӯз дар қаламрави ҷумҳури обуҳавоӣ боронӣ пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 28-29 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, инчунин роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ ва дар ғарби ВМКБ ҳамчунин фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар шаҳри Душанбе аз имрӯз, 28 март боридани борон оғоз гардида, рӯзи 29 март обуҳавои тағйирёбанда бо эҳтимоли боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Рӯзи 30 март борони пуршиддат борида, 31 март шабона борон меборад, рӯзона аллакай боришот дар назар нест. Дар ин рӯзҳо ҳаво шабона 7-13 ва рӯзона – 9-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои 29, 30 ва 31 март обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳи инчунин боридани барф низ аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар ин рӯзҳо рӯзона 18-23 дараҷа ва шабона – 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Рӯзи 31 март ҳарорат метавонад то 20-25 дараҷа гарм шуда, лекин рӯзи 30 март пас аз борони пешбинишуда дар рӯзи 29 март, поинравии он то 9-14 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд низ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ мешавад. Рӯзи 31 март ҳарорат 14-19 дараҷа гарм шуда, лекин рӯзи 30 март пас аз борони пешбинишуда дар рӯзи 29 март поинравии он то 1-6 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавои тағйирёбандаи абрнок бо эҳтимоли боришот дар назар аст. Рӯзи 29 март боришот дар назар набуда, лекин рӯзҳои 30-31 март дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ё барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шудааст.

Дар ғарби вилоят шабона ҳарорат аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм ва ҳатто 18-20 дараҷа гарм дар давоми рӯз пешбинӣ мешавад.

Рӯзи 30 март ҳарорат то 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи минтақа шаби 30 март ҳарорат шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.