Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад

Варақаи матбуотӣ

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Бохтар чорабинии калони иттилоотӣ баргузор кард. Ин чорабинӣ дар 3 нуқтаи шаҳр, нуқтаҳои савдои «Фаровон» ва «Хоҷӣ Шариф», инчунин дар маркази саломатии шаҳрӣ гузаронида шуд.

Дар давоми рӯз ихтиёриён оид ба омилҳои хавф ва пешгирии ин беморӣ варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, оид ба хатарҳои дер ошкор шудани ин навъи беморӣ маълумот доданд. Ихтиёриён ба ҳама тавсия доданд, ки суолномаро (анкета) пур кунанд ва сатҳи қандро дар хуни худ чен кунанд. 

Дар рафти ин маърака 334 кас аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Суолнома бо усули “FINDRISK” гузаронида шуда, ҳангоми муоина қаду вазнро чен карда сипас сатҳи қандро дар хун санҷиданд.

Дар Тоҷикистон ҳар сол шумораи беморони гирифтори диабети қанди навъи 2-юм меафзояд. Мувофиқи омори расмӣ, дар соли 2021-ум дар кишвар 50 ҳазору 518 нафар мубталои бемории диабети қанди навъи 2-юм ба қайд гирифта шудааст.

Сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ин вазни зиёдатӣ, истеъмоли ғизои носолим, камҳаракатӣ, ирсият ва баъзе ҳолатҳои хоси тиббӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар марҳилаҳои ибтидоӣ, бемории диабети қанди навъи 2-юм дар бисёри мавридҳо бе аломатҳои аён мегузарад. Ин сабаб мегардад, ки беморӣ дер ошкор мешавад.

Синну соли муоинашудагон аз 18 то 72-соларо дар бар гирифт. Шумораи мардон 138 нафар ва занон 196 нафарро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки дар байни аҳолӣ шахсоне, ки аз санҷиш гузашта буданд 50 нафарашон бо вайроншавии мубодилаи карбогидрат ва 71 нафари дигар бошанд ҳамчун гирифтори диабети қанд ба кайд гирифта шуданд.

Илова бар ин, маълум гардид, ки 114 нафар (57 мард ва 57 зан) аз вазни зиёдатӣ ва 126 нафар (52 мард ва 74 зан) аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

«Аз ин чорабини дар назди бозори «Фаровон» ман хеле ҳайрон шудам ва мехостам бифаҳмам, ки оё дар ман ҳам нишонаҳои диабети қанд вуҷуд дорад ё на. Ихтиёриён пурсиш гузаронида, сатҳи қанди хуни маро чен карданд. Хушбахтона, ин беморӣ дар ман мушоҳида нашуд, ва ман комилан солим ҳастам." – гуфт яке аз иштирокчиёни маъракаи иттилоотӣ.

Дар маркази саломатии шаҳри Бохтар барои табибони оилавӣ омӯзиш баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои этиология, патогенез, ташхис ва табобати оризаҳои шадиди ин бемориро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми омӯзиш викторина баргузор гардид, ки ғолибони он бо глюкометрҳо қадрдонӣ карда шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон дар аввали моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе омӯзиш ТоТ барои эндокринологҳо ва табибони оилавӣ оид ба ҷорӣ ва татбиқи дастури «Ташхиси саривақтӣ ва назорати беморони гирифтори диабети қанди навъи 2» ташкил карда шуд.

Дар омӯзиши мазкур иштирокчиён аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар 2 даври омӯзишӣ ҳамагӣ 37 нафар мутахассисон омода карда шуданд.

Дар фарҷоми ин омӯзишҳо ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуда, аз байнашон барои пешбурди кори минбаъда доир ба ҷорӣ ва татбиқи дастурҳои диабети қанд дар сатҳи минтақавӣ тренерон интихоб карда шуданд.

Маръакаи иттилоотӣ аз ҷониби лоиҳаи «Ташкили системаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ҳамгироишуда дар Тоҷикистон (BaSIC)», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби GIZ амалӣ мегардад, баргузор гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт

Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигори тоҷик ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт имрӯз, 28-уми март, дар 59-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм баст. Хабари даргузашти марҳумро...

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...