Низоми раводид бо Туркия. Кай оғоз мешавад ва аз куҷо метавон раводид гирифт?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Низоми раводид (виза) бо Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20-уми апрел ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. 

Дар Вазорат зикр карданд, ки Туркия рӯзи 6-уми апрел ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ кард.

Дар ин робита, акнун аз 20-уми апрел шаҳрвандони Тоҷикистонро лозим меояд, ки барои сафар ба ин кишвар раводид дарёфт намоянд.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Охири ҳафтаи гузашта Туркия реҷаи сафари бе раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ кард. Дар ин бора фармони сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон содир шуд. Санадро нашрияи расмии ҳукумат Resmi gazete нашр кард.

Рӯзи шанбе, 6-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Туркия аз ҷорисозии низоми раводид ҷониби Тоҷикистонро огоҳ накардааст.

“Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ ҷониби Туркияро мебоист, ки аз қабл расман дар бораи аз кадом рӯз ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо хабар медод. Мутаасифона, мо чунин маълумотро то ҳол дастрас накардаем”, – хабар дода буд ҳамон рӯз ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКХ Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ.

Ӯ зикр кард, ки баъди ин тасмим, Тоҷикистон низ масъалаи ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Туркия дар Душанбе хабар дод, ки ҷорисозии низоми раводид эҳтимол тадбири муваққатӣ аст.

Сафорат дар саҳифаи худ дар Facebook навишт, ки акнун шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар бояд дар намояндагии дипломатӣ раводид гиранд.

Сафорати Туркия навишт, барои онҳое, ки тариқи Туркия, бидуни вуруд ба ин кишвар, яъне ба тариқи транзит, ба давлати дигар сафар мекунанд, дастрас кардани раводид зарур нест.

Расонаҳои Русия қарори мақомоти Туркияро ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” марбут медонанд. РБК хотиррасон мекунад, ки пас аз амали террористӣ дар “Крокус” Туркия нисбати ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд, якчанд санҷишу рейдҳо анҷом дод.

Моҳи апрел нашрияи туркии Hurriyet хабар дод, ки дар Истанбул ду ҷонибдори ДОИШ дастгир шудаанд, ки нияти содир намудани амали террористӣ дар Туркияро доштаанд. Миёни боздоштшудагон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон низ буд.

Пеш аз ин нашрия навишта буд, ки ду гумонбари ҳамла ба “Крокус” қабл аз ҳодиса аз Туркия боздид кардаанд.

Амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” шоми 22 март рух дод. Тибқи маълумоти ахир, бар асари он 144 нафар ҳалок шуда, 551 каси дигар осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо шохаи созмони “Давлати исломӣ” дар Афғонистон – “Вилояти Хуросон” ба дӯш гирифт.

Мақомоти Русия ҳамларо кори дасти мақомоти Украина мегӯяд. Киев ин айбномаҳоро рад мекунад.

Дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус” нздики 15 нафар гумонбар боздошт гардида, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Бештари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...