Исроил теъдоде аз нерӯҳои ҳарбиашро аз Ғазза баровард

Артиши Исроил 7-уми апрел гуфт, ҳамаи неруҳои хушкигарди худро аз минтақаи ҷанубии навори Ғазза берун бурдааст. Аз ҷумла, дивизияи 98-уми Исроил наворро тарк карда, дар Ғазза танҳо як гуруҳи низомиёни Исроил боқӣ мондааст. Радиои "Kan" бо истинод ба низомиёни исроилӣ хабар додааст, ки бурунрафти неруҳо аз Ғазза ба фишорҳои сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби ИМА […]

centralasian.org

Артиши Исроил 7-уми апрел гуфт, ҳамаи неруҳои хушкигарди худро аз минтақаи ҷанубии навори Ғазза берун бурдааст. Аз ҷумла, дивизияи 98-уми Исроил наворро тарк карда, дар Ғазза танҳо як гуруҳи низомиёни Исроил боқӣ мондааст.

Радиои "Kan" бо истинод ба низомиёни исроилӣ хабар додааст, ки бурунрафти неруҳо аз Ғазза ба фишорҳои сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби ИМА рабте надорад.

"Haaretz" аз қавли сухангӯи артиши Исроил навишта, ки дивизияи 98-ум дар натиҷаи задухӯрдҳо дар шаҳри Хон Юнус воҳидҳои гуруҳи "Ҳамос"-ро шикаст дод ва ҳузури минбаъдаи он дар Ғазза дигар маъно надорад.

Низомиёни Исроил гуфтаанд, баъди бурунрафти неруҳо аз Хон Юнус фаластиниён метавонанд аз Рафаҳ ба шаҳр баргарданд.

Ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.

Бино ба гузоришҳо, 130 нафар аз ин гаравгонҳо то ҳол дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” мондаанд. Шумораи зиёди одамон дар Исроил рӯзи 30-юми март ба хиёбонҳо баромада, хоҳони раҳоии гаравгонони ин кишвар шуданд.

Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар тақрибан шаш моҳи охир беш аз 32 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.