Имрӯз Моҳ пеши Офтобро хоҳад гирифт

Имрӯз, 8-уми апрел, ҳодисаи табиии гирифти Офтоб рух медиҳад, вале мардуми Тоҷикистон ин воқеаи астрономиро мушоҳида карда наметавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд. Гирифти Офтоб соати 21:38 ба вақти Душанбе рух медиҳад ва чун ин ҳангом дар Тоҷикистон Офтоб аллакай нишастааст, мушоҳидаи гирифти он ғайриимкон мегардад, […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Имрӯз, 8-уми апрел, ҳодисаи табиии гирифти Офтоб рух медиҳад, вале мардуми Тоҷикистон ин воқеаи астрономиро мушоҳида карда наметавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Гирифти Офтоб соати 21:38 ба вақти Душанбе рух медиҳад ва чун ин ҳангом дар Тоҷикистон Офтоб аллакай нишастааст, мушоҳидаи гирифти он ғайриимкон мегардад, шарҳ доданд дар Институти астрофизика.

“Агар пештар ин падида 2-2,5 дақиқа идома меёфт, ин гирифт 4,5 дақиқа тӯл мекашад. Сабаби чунин давомнокӣ дар он аст, ки ин вақт Моҳ нисбат ба Замин дар нуқтаи наздиктарин қарор мегирад ва андозаи кунҷии он нисбат ба андозаи кунҷии Офтоб зиёдтар мешавад, аз ин рӯ гирифти Офтоб низ бештар идома меёбад” – илова карданд дар Институт.

Даври пурраи гирифти Офтоб бошад, зиёда аз 5 соат давом меёбад.

Ин ҳодиса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ мушоҳида намешавад.

Гирифти пурраи Офтобро дар Мексика, ИМА ва Канада дидан мумкин аст. Гирифти нопурраи онро бошад, сокинони кишварҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Аврупои Ғарбӣ метавонанд бинанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.