Тавофуқи Тоҷикистон ва Туркманистон доир ба таҳияи сиёсати ягонаи нархгузорӣ дар нақлиёт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ хоҳанд кард.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин тавофуқ дар вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ҳосил шудааст.

Роҳбарони мақомоти нақлиёти ду кишваррӯзи 4 апрел дар Душанбе пас аз анҷоми вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар доираи сафари расмии Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ба Тоҷикистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим ва Маметхон Чакиев “ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зич ва мутақобилан судмандро миёни марказҳои логистикии ду кишвар ба роҳ мемонанд, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир намуда, барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нарҳое ҷорӣ мекунанд,  ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд”.

Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки зимни мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ сарони ҳарду кишвар масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва боркашониро баррасӣ намуданд.

“Ба дурнамои густариши интиқоли транзитии борҳои тоҷик тавассути Туркманистон ва бунёди  долони нақлиётӣ, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар (Каспий) ба ҳам мепайвандад, диққати махсус дода шуд”, – таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зикр карданд, ки талошҳои ҳарду кишвар бояд барои расидан ба ҳадафи асосӣ – бунёди инфрасохтори боэътимод ва муосир, ки  системаҳои нақлиётии Осиеи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро таъмин метавонд, равона карда шаванд.

Туркманистон кишвари калидии траназитӣ барои роҳ ёфтани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Ховари Миёна мебошад.

Муҳиммияти Туркманистон дар боркашонӣ барои Тоҷикистон панҷ сол пеш, вақте ки моҳи феврали соли 2019 мақомоти ин кишвар убури мошинҳо бо бор аз Тоҷикистонро тариқи қаламравашон манъ карданд, ба таври возеҳ аён шуд.

Он замон ба боркашонони Тоҷикистон лозим меомад, ки борро ба/аз Ховари Миёна (Эрон, Туркия ва минбаъд кишварҳои арабӣ) бо хатсайри Ӯзбекистон-Қазоқистон-Баҳри Хазар-Озарбойҷон расонанд, ки масофааш хеле тӯлонитар аст.

Дар Вазорати нақлиёт он замон гуфта буданд, ки аз сабаби ин амали ҷониби Туркманистон огаҳ нестанд, зеро ба дархостҳояшон дар ин бора аз ҳамтоҳои туркмани худ посух намегиранд.

Лекин манбаъҳои ғайрирасмӣ бар ин назар буданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон гӯё бар асари аз сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон даст кашидани ҷумҳурии мо пас аз мусоид шудани муносибатҳо бо Ӯзбекистон ба сардӣ гароид.

Пас аз сафари охири президенти Тоҷикистон ба Ашқобод дар моҳи сентябри соли 2021 ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон тариқи қаламрави Туркмнаистон барқарор карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамагӣ ҳудуди 4 млн долларро ташкил додааст, ки 67% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Қобили зикр аст, ки наздики 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаро воридоти маҳсулот аз Туркманистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...