Бохтар: Қарз пардохт нашуда, техникаи харида вайрон шуд

Сайраҳмон Назриев, барои Asia-Plus

Тайи чанд соли охир сари вақт накашонидани партовҳои маишӣ дар шаҳри Бохтар ба мушкили ҷиддии шаҳрдори табдил ёфтааст. Ин боиси норозигии сокинон гаштааст. Масъулин мегӯянд, ки қувваи корӣ ва техникаи махсус намерасад.

Соли 2018 ба Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Бохтар”, ки бо маблағгузории “Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид” амали шуда буд, 12 адад техникаҳои нави замонавӣ ба маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллари амрикоӣ, дастрас гардид. Аз ҷумла, 5 КАМАЗ-и партовкашон, КАМАЗ-и боркаш, як техникаи борбардор ва базараргардонӣ.

Дар умум, ин лоиҳа 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки 2 миллиони он грант ва 2 миллиони дигар қарз буд. Тибқи шартнома, қарзи мазкур бояд то соли 2028 пурра пардохт гардад.

Аммо ҳоло қарз пурра пардохт нашуда, нисфи техникаи харидоригардида корношоям шудааст.

Алишер Тағоймуродов, сармуҳандиси КФД “Хоҷагии комуналӣ” дар шаҳри Бохтар мегӯяд, айни ҳол 6 техникаи харидашуда кор намекунанд.

“Мутассифона, аз 12 техинкаи харидашуда, 6-тои он кор намекунад. Сабаби корнишоям шудани техника шояд аз истифодаи сузишворӣ ва равғани бесифат бошад. Ман чанд сол пеш аз ин кор рафта будам ва ҳамагӣ чанд моҳ пеш баргаштам. Ҳоло кӯшиш дорем, ки акаллан як мошинро таъмир кунем. Раиси вилояти Хатлон барои таъмир 240 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст”, – афзуд сармуҳандис.

Мақомоти шаҳри Бохтар роҳи ҳалли ин мушкилро дар ҷалби мошинҳои шахсӣ ба кашонидани партов пайдо кардаанд. Мошинҳои боркаши шахсӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб шудааст. Мошинҳое, ки даҳсола ин ҷониб кор мекунанд ва корншоям нашудаанд.

Саволе ба миён меояд, ки чаро мошинҳои шахсии даҳсолаҳо пеш истеҳсолшуда кор мекунанду техникаи нави панҷ сол пеш харидашуда корнишоям мешаванд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...