Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди раиси Идораи замини Кӯлоб

Asia-Plus

Орзу Муродов, раиси Идораи замини шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани пора ба даст афтода, бар зиддиаш барои қаллобии махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод навиштааст, ки Муродов барои ҷудо кардани 0,7 га замини кишоварзӣ аз як шаҳрванд 81 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, “ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда”, ба ваъдааш вафо накарадаст.

Орзу Муродов як соли охир раиси Идораи замини шаҳри Кӯлоб буд, аз ин пештар дар ин идора 8 сол ҳамчун мутахассиси пешбар кор мекард.

 “Чунончи, Мурадов О.М. дар давраи фаъолияти кориаш тахминан моҳи октябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов Р.А. даромада, аз охирин дар якҷанд ҳолат бо баҳонаи аз маҳаллаи Зарринкӯҳи шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани 0,7 га қитъаи замини кишоварзӣ ҷамъ маблағи 81400 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро анҷом надода, маблағҳои мазкурро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шаҳсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи ҳуд ба шаҳрванд Қурбонов Р.А. зарари махсусан калони моддӣ расонид”,- омадааст дар иттилоиияи Оҷонсии зиддифасод.

Ин ниҳод гуфтааст, ҷинояти қаллобии махсусан калонро “дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опеативӣ-ҷустуҷӯӣ” маълум кардааст. Аммо гуфта нашудааст, ки ин амалиёт кай гузаронида шуд ва оё Муродов дар боздошт аст ё не.

Ҳоло бар зидди Орзу Муродов барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон аз сӯи мнсабдори давлатӣ ё моддаи моддаи 247 қисми 4 банди «б» парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, “мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”.

Ин банди қонунгузорӣ аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ) ё аз 8 то 12 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян пешбинӣ мекунад.

Назари худи Орзу Муродов дастрас нест.

Фурӯхтани замин, ки тибқи қонунгузорӣ манъ аст, яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳатто раиси ҷумҳур борҳо аз он нигаронӣ карда буд.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ, махсусан фурӯхтани замин дар чанд соли охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта ин ниҳод аз боздошти раиси Идораи змини ноҳияи Рашт барои фурӯхтани замин ва додани пора хабар дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...