“Ягон гапи безеб нагуфтам”. Ибодулло Машрабов навори баҳсбарангезашро шарҳ дод

Asia-Plus

Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони аксар чорабиниҳои давлатӣ навори бархӯрди тундаш бо раққосаҳоро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокуниши сахти ҷомеаро барангехт, шарҳ дод ва гуфт, “бояд сахтгир бошам”. Масъулини ансамблҳои рақсӣ мегӯянд, шикояте надоранд. Муовини якуми вазири фарҳанг гуфт, бо коргардон сӯҳбат мекунад.

Сухан аз наворе аст, ки дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва дар он нафаре гуруҳи духтарони дар саҳна истодаро барои дер кардан ба тамрин шадидан сарзаниш ва аз калимоти тунду дурушт истифода мекунад.

“Шумо мусулмонед? Шуморо кӣ зоидаст ба ҳамин дунё? Кӣ зоидаст ҳамин хел духтари бемаънии … Садқаи одам шавед… Соат 9-у ним шуд, 9 ба ман бояд сар мекардам”, – мегӯяд ӯ.

Муаллифи навор гуфтааст, ки ин нафар Ибодулло Машрабов, коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст.

Нашри ин навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногунро ба миён овард ва онҳо ин кори коргардонро шадидан интиқод карданд.

 

“Ягон гапи безеб нагуфтам”

Ибодулло Машрабов имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабаби тунд бархӯрд карданаш дер кардани чанд нафар раққосаҳо будааст.

“Ман ягон гапи безеб нагуфтам. Ин масъалаи кории ман аст ва бояд сахтгир бошам. Агар ҳамин корро намекардам, онҳо боз дер мекарданд ва кор пеш намерафт. Раққосаҳо худашон маро нағз мефаҳманд”, – шарҳ дод Машрабов.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг дар тамоси телефонӣ бо мо гуфт, ки аз рух додани чунин ҳодиса хабар надорад, вале дар ин бора бо коргардон сӯҳбат мекунад.

 

“Коргардон ҳамаро сарзаниш кард”

Масъулини ансамблҳои рақсӣ перомуни ин бархӯрди Ибодулло Машрабов ҳарфи мушаххасе намегӯянд ва шикоят ҳам надоранд.

Зебо Аминзода, роҳбари ансамбли рақсии “Зебо” дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки раққосаҳои ин ансамбл дар он тамрин иштирок доштанд, вале дар ин робита ба роҳбарият ҳарфе назадаанд.

Як масъули ансамбли рақсии “Гулрез” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ин гуна бархӯрди Ибодулло Машрабов бо сабаби маҳдудияти вақт буд.

“Сабаб дер омадани чанд раққоса буд, вале коргардон ҳамаро сарзаниш карданд, зеро даста комил набуд ва машқро гузаронида намешуд. Вақт кам буд ва раққосаҳо бояд масъулият ҳис карда, ба чорабинӣ дер намерасиданд. Раққосаҳо ҳам шикояте надоранд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз ансамбли рақсии “Лола” ба зангҳои паёпайи мо касе посух надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...