Баъди ҳамла ба “Крокус”. Муҳоҷирони ба Тоҷикистон баргашта чӣ мегӯянд?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав, ки ба гумони даст доштан дар он чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд, назорат ва фишор болои муҳоҷирон дар Русия шадид шуд.

“Азия-Плюс” аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо хатсайри ҳавоӣ аз Маскав баргаштанд, сабаби баргаштани онҳоро пурсид.

Дар фурудгоҳ издиҳоми мардум бозгашти хешовандони худро аз Маскав интизор буданд. Бисёриҳо хомӯширо авло дониста, аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд зикр мекунанд, ки наздикону пайвандонашон ҳеҷ фишореро дар Русия эҳсос накардаанд.  Мегӯянд, онҳо ба таври муқаррарӣ ба кору зиндагӣ идома медиҳанд ва барои таҷлили иди Фитр ба ватан омадаанд.

Ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз 23 март то 6 апрел 800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ шудаанд. “Лекин ин маънои онро надорад, ки ихроҷи онҳо ба амали террористӣ дар Маскав алоқамандӣ дорад, зеро санадҳои маъмурӣ оид ба ихроҷ 2-3 моҳ пеш аз ихроҷ тартиб дода мешаванд”, – шарҳ дод манбаъ.

Санҷиши доимии ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирон як амали муқаррарӣ шудааст. “Ҳамеша ҳамин тавр буд”, – мегӯянд муҳоҷирони аз Маскав баргашта.

Бисёр касоне, ки “Азия-Плюс” бо савол ба онҳо муроҷиат кард, изҳор намуданд, ки ба ҳеҷ як мушкилоти вобаста ба тақвияти назорат дучор нашудаанд.

Танҳо як мусофир зикр кард, ки маҳз бо сабаби фишор баргаштааст. Ба ин мард лозим омадааст, ки ҳатто коргоҳашро бандад ва коргарони ӯро барои мушкилоти ночиз дар ҳуҷҷатҳо, ки пештар онро ба осоонӣ ҳал кардан мумкин буд, хориҷ кардаанд.

“Ин дафъа намояндагони мақомоти Русия хеле сахтгир шуда, ҳамаро бидуни имкони ҳалли мушкилот ихроҷ карданд”, – иброз дошт ӯ.

Бархе аз пурсидашудагон изҳор доштанд, ки онҳо ҳам аз санҷишҳо гузаштаанд, лекин касоне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, ба ягон мушкилӣ дучор нашуданд.

Бисёре аз омадагон нахостанд, ки ошкоро дар бораи сабаби бозгашташон ҳарф зананд, қотеъона гуфтанд, ки онҳоро ташвиш надиҳем ва аз суҳбат бо журналистон худро канор мегирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...