Бозгашти мунтахаби Тоҷикистон ба Қатар: Ҷоми футболи Осиё байни ҷавонон оғоз мегардад

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мубин Эргашев давраи омодагӣ ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2024-ро ба охир мерасонад.

Дар Ҷоми футболи Осиё дар Давҳа (Қатар) мунтахаби синни то 23-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бозӣ мекунад. Бозиҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ 16 апрел, Ироқ – 19 апрел ва Таиланд – 22 апрел баргузор мешаванд.

Ҷамъомади таълимиву машқ аввали моҳи апрел оғоз гардида буд. Сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев 24 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Қобили зикр аст, ки аввали сол дар Қатар мунтахаби миллии Тоҷикистон то даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё расид. Акнун мунтахаби ҷавонони кишвар низ талош меварзад, ки  ба дастоварди тими миллӣ расад.

Дар доираи омодагиҳо дар Давҳа футболбозони тоҷик бо дастаи дивизиони якуми Қатр – “Ал-Вааб” бозии санҷиши гузаронида, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Голи ягонаро аз тими мо дар дақиқаи 83-юм бо зарба аз беруни ҷаримагоҳ бозингари дастаи “Тюмен” Руслан Хайлоев ба ҳадаф расонид.

Ягона талафи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё нимҳимоятгари дастаи “Самгурали”-и Гурҷистон Алиҷони Бӯризод мебошад, ки дар бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 бо Арабистони Саудӣ (1:1) ҷароҳат гирифт.

Ҳамчунин зикр мекунем, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар мунтахабҳои ҷавонони қора натанҳо барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа, балки  дарёфти роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Париж-2024 низ рақобат мекунанд. Се дастаи беҳтарин ҳамчун намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифта, дастаи зинаи чорум бо намояндаи Африқо барои боз 1 роҳхати дигар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар плей-офф бозӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд. Чемпиони амалкунанда тими Арабистони Саудӣ мебошад. Мусобиқа аз 15 апрел то 3 май баргузор мешавад.

Дар робита ба пешгӯиҳо пеш аз Ҷоми Осиё бошад, коршинсони соҳаи футбол бар ин назаранд, ки Арабистони Саудӣ ва Ироқ довталабони асосии пирӯзӣ дар ин мусобиқаанд.

Ба ақидаи онҳо, Мубин Эргашев бояд ҳарифонро хуб омӯхта, кӯшиш кунад, ки дар гурӯҳ ҳадди ақалл зинаи 2-юмро ишғол кунад, зеро аз ҳар як гурӯҳ 2 даста ба даври 1/4 финалӣ роҳ меёбанд.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ дар ҷуфтҳои 1/4 финалӣ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.

Ҳайати гурӯҳҳо дар Ҷоми Осиё-2024 (U-23):

Гурӯҳи «А»

– Қатар

– Австралия

– Урдун

– Индонезия

Гурӯҳи «В»

– Ҷопон

– Кореяи Ҷанубӣ

– Амороти Муттаҳидаи Араб

– Чин

Гурӯҳи «С»

– Арабистони Саудӣ

– Ироқ

– Таиланд

– ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи «D»

– Ӯзбекистон

– Ветнам

– Кувейт

– Малайзия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...