Эмомалӣ Раҳмон: “Мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд гуфт, бояд “шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”. Инчунин, сарвари давлат таъкид кард, ки “мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”.

Ин нукотро Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз дошт, ки навори онро ТВ “Тоҷикистон” нашр кардааст.

Сарвари давлат гуфт, “дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “ин яке аз вазифаҳои роҳбарон аст, аз роҳбари давлат сар карда то тамоми зинаҳои хидматчиёни давлатӣ, тамоми соҳибкорон, ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик аст, ки технологияи ҳозирзамон ворид кунем ва ҷойҳои нави кори бунёд кунем”.

“Мо нагузорем, ки мардуми мо муҳтоҷ ба дигрон шаванд! Нагузорем! Мо нангу номус дорем! Мо намегузорем, ки ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”, – таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ бидуни зикри мушаххас иброз дошт, ки “ман мефаҳмам, ин мушкилиҳо муваққатӣ ҳастанд ва яку якбора ҳамаи онро паси сар кардан бисёр душвор аст. Лекин (паси сар, – идора) мекунем, иншоаллоҳ, ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст!”.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даҳҳо иншоотро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...