Дар орзуи раисӣ? Боздошти ду “соҳибкор” барои истифодаи ғайриқонунии ду ширкат

Asia-Plus

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ истифода бурдани ду Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) ва рӯйпӯш кардани маблағи андоз ба андозаи қариб 2 млн сомонӣ гумонбар дониста шуда, боздошт гардидаанд.

Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» дидаву дониста аз он ки ҷамъиятҳои зикршуда ба номи дигар нафарон ба қайд гирифта шудаанд, худро роҳбар ва муассиси ҷамъият гуфта, аз онҳо истифода бурданд.

Гуфта мешавад, ки ин амал бар хилофи талаботҳои Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аст, вале новобаста аз ин гумонбаршудагон бо ҳамдигар дар ин маврид “маслиҳати пешакӣ” доштаанд.

“Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. аз моҳи апрели соли 2023 то инҷониб ба воситаи ҷамъиятҳои болозикр аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ молу маҳсулоти нафарони гуногунро ворид намуда, аз маблағи умумии молҳои воридгардида аз 3 то 3,5% ҳамчун ҳаққи хидматрасонӣ гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиашон хароҷот намудаанд”, – менависад Агентии зиддифасод.

Ҳамзамон, гумонбарон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ зимни истифодаи ғайриқонунии ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳодшавандаро носаҳеҳ тартиб додааст.

“Манбаи андозбандишавандаро ниҳон дошта, бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои қалбакӣ ба маблағи 1 млн 469 ҳазору 299 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳояш маблағи 1 млн 911 ҳазору 34 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ карданд”, – менависад манбаъ.

Ҳоло нисбати Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо моддаҳои 260, қисми 2, банди “б” ва 292, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Назари худи гумонбарон ва вакилони дифои онҳо дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...