Ҳамакнун ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз буҷаи давлат пул мегиранд

Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон 11-уми апрел лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро баррасӣ ва қабул кард, ки тибқи он минбаъд ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз буҷети кишвар пул мегиранд.

Дар ин бора нашрияи “Садои мардум” хабар медиҳад.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар, зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур гуфт,  лоиҳаи тағйирот ба қонун бо мақсади таҳкими низоми бисёрҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 12 сархати нав илова гардида, тибқи он яке аз манбаъҳое, ки маблағҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз он ташаккул меёбанд, буҷети давлатӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, мешавад”, – зикр кард Ашӯриён.

Ба қавли вазир, ба қонуни мазкур моддаи нав (моддаи 121) илова гардида, тибқи он аз рӯйи натиҷаҳои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Ин қонун ихтисоси маблағ аз буҷети давлатӣ, дар кадом муҳлат ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузарондани маблағ, талаботи маблағгузорӣ, андозаи маблағгузорӣ ва дигар шартҳоро мушаххас мекунад.

Мутобиқи он, маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштирокдошта, ки ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории он додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам намебошад, аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав ба маблағи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар ҳоло 72 сомонӣ муқаррар шудааст.

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон аз Ҳизби сотсиалист, қабули тағйирот ба қонунро заруру саривақти дониста, зикр карда, ки “агар ҳизбҳои сиёсӣ маблағи кофӣ надошта бошанд, барномаҳои худро дар амал татбиқ карда наметавонанд”.

Рустам Латифзода, вакили парлумон аз Ҳизби аграрӣ, таъкид кардааст, ки ин тағйирот “ба ҳизбҳои сиёсии мамлакат имкони иловагӣ медиҳад, ки бо намояндагӣ аз тарафдорону пайравони худ дар мақоми олии  намояндагӣ ва қонунгузории кишвар фаъолияти густурда дошта бошанд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши муассир гузоранд”.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад, ки аз он 6 ҳизби сиёсӣ дар парлумони кишвар намоянда дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...