Нисбат ба Тоҷикистон интернет дар Афғонистон бештар дастрас аст

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и Mobile Data Affordability Index, ки дар он дастрасӣ ба интернети мобилӣ бо назардошти музди меҳнати миёна арзёбӣ мешавад, байни 179 кишвар Тоҷикистон зинаи 163-умро ишғол кард.

Барои муайян кардани радабандии дастрасӣ ба маълумоти мобилӣ муаллифон арзиши миёнаи нақшаи тарифҳои моҳонаи телефони мобилиро бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ бо музди меҳнати миёна муқоиса кардаанд.

Бино ба маълумоти радабандӣ, арзиши маълумоти мобилии чунин тариф дар Тоҷикистон 13.77 доллар ва маоши миёна – 170 долларро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, сокинон барои харидани тариф бо 10 ГБ интернет 8%-маошашонро харҷ мекунанд.

Байни кишварҳои ИДМ аз лиҳози дастрасӣ ба интернети мобилӣ Русия зинаи 26-ум, Ӯзбекистон – 43, Арманистон – 55, Беларус – 61, Қазоқистон – 63, Қирғизистон – 90 ва Озарбойҷон – мақоми 114-умро ишғол мекунанд.

Афғонистони ҳамсоя аз рӯи дастрасӣ ба интернети мобилӣ ду зина аз Тоҷикистон боло – дар мақоми 161-ум қарор дорад.

Мувофиқи радабандӣ, нархи миёнаи нақшаи тарифӣ барои телефони мобилӣ бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ дар ҷаҳон 24,20 долларро ташкил дода, барои харидани он одамон 4,1% аз маоши худро сарф мекунанд. Ба интернети ноқилӣ ё суръаташ баланд қариб 3,8% аз маош масраф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи радабандии Worldwide mobile data pricing  рӯи арзиши интернет тибқи маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон байни 237 кишвар мақоми 142-юмро ишғол мекунад. Охири соли 2022 кишвари мо байни 203 давлат дар зинаи 103-юм қарор дошт.

Таҳиягарони радабандӣ нархи миёнаро барои 1 гигабайти интернет дар Тоҷикистон бо нархи 1.65 доллар (нархи пасттарин – 0,17 сент ва баландтарин – 13,64 доллар) ҳисоб кардаанд.

Байни кишварҳои ИДМ дар радабандии арзиши интернет Қирғизистон зинаи 8-ум (нархи миёнаи 1 гигабайт – $0.17), Русия – 15-ум ($0.25), Ӯзбекистон – 22-юм ($0.30), Қазоқистон – 35-ум ($0.41), Беларус – 66-ум ($0.67), Арманистон – 88-ум ($0.98) ва Озарбойҷон мақоми 146-ум ($1.76)-ро ишғол мекунанд.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи феврали соли 2024, Тоҷикистон ҳоло ҳам аз охири рӯйхат зинаи 5-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 143 кишвари ҷаҳон. Аз лиҳози интернети ноқилӣ бошад, мақоми 131-ум байни 181 давлати саросари дунё.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...