Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия ҳамаи кормандони хориҷии толори консертии “Крокус Сити Холл”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷад. Ба иттилои телеграм-канали Baza, зери ин санҷиш асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ба муфаттишон дастур дода шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар “Крокус”-ро такроран бозпурсӣ кунанд. Ҳамчунин кормандони Кумитаи тафтишот бояд муайян кунанд, ки муҳоҷирон аз кай боз дар Русия қарор доранд ва чӣ гуна дар толори консертӣ бо кор таъмин шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни бозпурсии аввал ошкор шудааст, ки бисёре аз хориҷиёни машғули кор дар “Крокус” метавонанд дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳузур дошта бошанд ва ҳуҷҷатҳоро бо нақзи қонунгузории муҳоҷират дастрас намудаанд.

Ҳамчунин муфаттишон муайян мекунанд, ки коргарони толор кай ва дар куҷо патент гирифтаанд, кӣ онҳоро ба расмият даровардааст, дар куҷо ва кай аз забон ва таърихи Русия имтиҳон супурдаанд.

Ба соҳибмулкон аз вилояти Маскав, ки ба муҳоҷирон хона иҷора додаанд, низ лозим меояд, ки ба саволҳои муфаттишони Кумитаи тафтишот посух диҳанд. Онҳо бояд дар бораи чӣ қадар дар хона ба қайд гирифта шудани шахсон ва дар асл чӣ қадар зиндагӣ кардани онҳо маълумот диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки 25 муҳоҷири машғули кор дар толори консертӣ мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март сурат гирифт. Чор нафар мардони мусаллаҳ  каме пештар аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” ба толор ворид шуда, ба сӯи одамон ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва сипас биноро аз дохил оташ заданд.

Бар асари ин ҳамлаи террористӣ зиёда аз 140 нафар кушта ва садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаву осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...