Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд

Кумитаи тафтишоти Русия ҳамаи кормандони хориҷии толори консертии “Крокус Сити Холл”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷад. Ба иттилои телеграм-канали Baza, зери ин санҷиш асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон қарор мегиранд. Гуфта мешавад, ба муфаттишон дастур дода шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар “Крокус”-ро такроран бозпурсӣ кунанд. Ҳамчунин кормандони Кумитаи […]

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия ҳамаи кормандони хориҷии толори консертии “Крокус Сити Холл”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷад. Ба иттилои телеграм-канали Baza, зери ин санҷиш асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ба муфаттишон дастур дода шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар “Крокус”-ро такроран бозпурсӣ кунанд. Ҳамчунин кормандони Кумитаи тафтишот бояд муайян кунанд, ки муҳоҷирон аз кай боз дар Русия қарор доранд ва чӣ гуна дар толори консертӣ бо кор таъмин шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни бозпурсии аввал ошкор шудааст, ки бисёре аз хориҷиёни машғули кор дар “Крокус” метавонанд дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳузур дошта бошанд ва ҳуҷҷатҳоро бо нақзи қонунгузории муҳоҷират дастрас намудаанд.

Ҳамчунин муфаттишон муайян мекунанд, ки коргарони толор кай ва дар куҷо патент гирифтаанд, кӣ онҳоро ба расмият даровардааст, дар куҷо ва кай аз забон ва таърихи Русия имтиҳон супурдаанд.

Ба соҳибмулкон аз вилояти Маскав, ки ба муҳоҷирон хона иҷора додаанд, низ лозим меояд, ки ба саволҳои муфаттишони Кумитаи тафтишот посух диҳанд. Онҳо бояд дар бораи чӣ қадар дар хона ба қайд гирифта шудани шахсон ва дар асл чӣ қадар зиндагӣ кардани онҳо маълумот диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки 25 муҳоҷири машғули кор дар толори консертӣ мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март сурат гирифт. Чор нафар мардони мусаллаҳ  каме пештар аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” ба толор ворид шуда, ба сӯи одамон ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва сипас биноро аз дохил оташ заданд.

Бар асари ин ҳамлаи террористӣ зиёда аз 140 нафар кушта ва садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаву осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.