Тафтиши парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” ба анҷом расидааст

Кумитаи тафтишоти Русия тафтиши парвандаи ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канораи Маскавро ба анҷом расонида, онро ба додситонӣ фиристодааст. Ҳамакнун додситонӣ парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мекунад. Дар ин парванда исми чаҳор гумонбари асосии ҳамла, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, зикр мешавад. Тибқи иттилои ин ниҳод, Кумитаи тафтишотӣ Киевро фармоишгари асосии ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия тафтиши парвандаи ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канораи Маскавро ба анҷом расонида, онро ба додситонӣ фиристодааст. Ҳамакнун додситонӣ парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мекунад. Дар ин парванда исми чаҳор гумонбари асосии ҳамла, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, зикр мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Кумитаи тафтишотӣ Киевро фармоишгари асосии ин ҳамла донистааст.

Манбаъ менависад, иҷрокунандагони ҳамлаи террористӣ кӯшиш карданд, ки баъд аз содир кардани ҷиноят ба Украина гурезанд, аммо онҳоро дар вилояти Брянски Русия дастгир карданд.

Тафтишот зиёда аз як сол давом карда, парвандаи 19 айбдоршаванда пурра гардида ва ба додситонӣ равон шудааст. Ҳамакнун парвандаро бояд додситонӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристад.

Тафтишот нисбати ин нафарон, ки аксар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, анҷом ёфтааст:

Фариддуни Шамсиддин;

Далерҷон Мирзоев;

Муҳаммадсобир Файзов;

Саидикрам Раҷабализода (Муродалӣ);

Шаҳромҷон Гадоев;

Зубайдулло Исмоилов;

Ҳусайн Ҳамидов;

Муҳаммад Шарифзода (Зоирӣ);

Ёқубҷон Юсуфзода;

Лутфуллои Назримад;

Ҷумахон Қурбонов;

Ҳусейн Медов;

Ҷабраил Аушев;

Алишер Қосимов;

Умеҷон ва Мустақим Солиевҳо;

Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо.

Инҳо бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла, амали террористӣ, кӯмак ба фаъолияти террористӣ, таълим барои амалҳои террористӣ, ташкили ташкилоти террористӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва маводи таркандa, сохтани ғайриқонунии силoҳ ва дигарҳо гумонбар мешаванд.

Ҳоло тафтишот нисбат ба 2 фармоишгар ва 4 ширкаткунандаи дигар идома дорад.

Кумитаи тафтишот ҳамчунин, бархе ҷузъиёти ҳодиса ва раванди омодашавии онро ошкор кардааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, омодагӣ барои ҳамлаи рӯзи 22-юми марти соли 2024 якчанд моҳ давом кард.

“Баъзе террористон аз хориҷ омада, дар он ҷо таълими аввалинро гузаштанд, бархеи дигар дар Русия буданд. Онҳо маблағ ва воситаҳои ҷиноят ҷустуҷӯ мекарданд. Илова бар ин, бархе аз муттаҳамон силоҳи оташфишонро таҳвил медоданд ва бо фаҳмидани он, ки онҳо бо ҳадафҳои осоишта истифода намешаванд, онҳоро ба аъзои созмони террористӣ супурдаанд. Силоҳҳо ба Каспийск ва сипас пеш аз ҳамлаи террористӣ ба пойтахт оварда шуданд”, – гуфта мешавад дар хабарномаи Кумитаи тафтишот.

Манбаъ гуфтааст, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” 149 нафар ба ҳалокат расида, як нафар бедарак шудааст. Ҳамчунин, 609 тан маҷруҳ шуда, зарари расида 6 млрд рублро ташкил медиҳад.

Тафтишот маълум кардааст, ки ин аксари ҳамлагарон аъзои шохаи “ДОИШ-Хуросон” буданд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” яке аз ҳамлаҳои бузург дар Русия буд, ки дар пайванд ба он даҳҳо кас, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуданд. Аз ҷумла, Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Чаҳор нафари гумонбарони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамчун иҷрокунандаи асосии он гуфта мешаванд. Вале шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио