Дархост барои раводиди Амрико. Қариб ба нисфи аризаҳо аз Тоҷикистон посухи рад дода шудааст

Қариб ба ҳар як дуюм шаҳрванди Тоҷикистон додани раводиди сайёҳӣ ва корӣ ба ИМА дар соли 2024 рад шудааст. Дар ин бора дар ҳисоботи нави Департаменти давлатии ИМА зикр мешавад. Мувофиқи ин санад, сатҳи рад шуданҳо аз рӯйи раводиди категорияи В1/В2 – 45,24-ро ташкил додааст. Ин навъи раводид барои сафарҳои кӯтоҳмуҳлат бо мақсади сайёҳӣ, табобат, гуфтушунидҳои корӣ […]

Asia-Plus

Қариб ба ҳар як дуюм шаҳрванди Тоҷикистон додани раводиди сайёҳӣ ва корӣ ба ИМА дар соли 2024 рад шудааст. Дар ин бора дар ҳисоботи нави Департаменти давлатии ИМА зикр мешавад.

Мувофиқи ин санад, сатҳи рад шуданҳо аз рӯйи раводиди категорияи В1/В2 – 45,24-ро ташкил додааст. Ин навъи раводид барои сафарҳои кӯтоҳмуҳлат бо мақсади сайёҳӣ, табобат, гуфтушунидҳои корӣ ва иштирок дар конфронсҳо пешбинӣ шудааст. Аризадиҳанда бояд хусусияти муваққатӣ доштани сафар ва мавҷудияти дигар алоқаҳо бо ватанро исбот намояд.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз лиҳози шумораи рад шудан мақоми 4-умро касб кардааст.

Дар зинаи аввал дар минтақа бо нишондиҳандаи 64,41% Ӯзбекистон, мақоми дуюм Туркманистон – 58,80%, ҷойи сеюм Қазоқистон – 46,29% ва зинаи панҷум Қирғизистон – 39,14% қарор доранд.

Бино ба иттилои Департаменти давлатӣ, сатҳи баланди радшавиҳо ба сахт шудани назорати раводид, аз ҷумла санҷиши шабакаҳои иҷтимоии аризадиҳанда маънидод мешавад.

Аз соли 2025 кормандони консулгарӣ пешниҳоди номгӯйи аккаунтҳои фаъоли шахсро дар "Facebook", "Instagram", "TikTok", "X" ("Twitter"), "Telegram" ва дигар платформаҳо тайи панҷ соли ахир дархост мекунанд.

Ба матлаб, бознашр ва шарҳу тавзеҳҳое, ки метавонанд ба сифати зиддиамрикоӣ, ифротгароӣ ё аз лиҳози сиёсӣ ҳассос баррасӣ шаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ҳолатҳои ҷудогона радшавӣ метавонад бидуни шарҳи сабабҳо сурат гирад.

Қаблан сафоратхонаҳои ИМА дар саросари ҷаҳон баргузор намудани суҳбатҳо ҷиҳати дарёфти раводид барои донишҷӯёнро муваққатан боздоштанд. Ин тадбир дар доираи васеъ намудани низоми санҷиши амнияту бехатарӣ, аз ҷумла таҳлили фаъолмандии рақамии аризадиҳандагон ҷорӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио