Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ВМКБ меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 25-уми июн бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар мекунад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 3 рӯз идома хоҳад кард. “Мақсади сафари ҷаноби […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 25-уми июн бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар мекунад.

Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 3 рӯз идома хоҳад кард.

“Мақсади сафари ҷаноби олӣ ширкат дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аст, ки рӯзи 27-уми июн дар майдони марказии шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Барои ин ҳама гуна омодагиҳо дида шудааст ва ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон чанд иншоотро ҳам ифтитоҳ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир моҳи октябри соли 2024 ба ВМКБ сафар карда буд.

Бояд гуфт, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифиани тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятро ба имзо расониданд, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.

Ҳамасола ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз кишвар, дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар мамолики гуногун чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми июн тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио