Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд

Дар бозии аввал дар гурӯҳи “С” дар Ҷоми Осиё, ки дар Давлати Қатар ҷараён дорад, мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров ба ҳадаф расониданд. Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футболбозони Таиланд мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб […]

Asia-Plus

Дар бозии аввал дар гурӯҳи “С” дар Ҷоми Осиё, ки дар Давлати Қатар ҷараён дорад, мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров ба ҳадаф расониданд.

Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футболбозони Таиланд мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Ду бозии дигари мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо Ироқ – 19 апрел ва Таиланд – 22 апрел баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар мунтахабҳои ҷавонони қора натанҳо барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа, балки  дарёфти роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Париж-2024 низ рақобат мекунанд.

Се дастаи беҳтарин ҳамчун намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифта, дастаи зинаи чорум бо намояндаи Африқо барои боз 1 роҳхати дигар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар плей-офф бозӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд. Чемпиони амалкунанда тими Арабистони Саудӣ мебошад. Мусобиқа аз 15 апрел то 3 май баргузор мешавад.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ дар ҷуфтҳои 1/4 финалӣ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.