Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва ба онҳое, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнати маҷбурӣ дода мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад.

Ба иттилои ВКД, ҳоло барои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва таълими ғайриқонунии динӣ ба қонунгузории Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.

“Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ (сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ) рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад”, – менависад ВКД.

Айни замон барои пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ идома дорад.

Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон боз 20 соҳиру фолбин ва ҷодугар боздошт ва алайҳашон парвандаи маъмурӣ боз гардид. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Хатлон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Раёсати ВКД дар Хатлон, боздоштшудагон муддатест дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба фолбиниву сеҳргарӣ машғул мешудааст.

“Ҳамзамон, дар муҳити ғайрисанитарӣ машғул шудан ба хунгирӣ (ҳиҷома), аловгардон, момагӣ (як намуди сеҳргарӣ), дамандозӣ бо асбобҳои ғайрисанитарӣ, хаткашӣ ва навиштани ҳарфҳои арабӣ дар бадани муштариён, махсусан занон, додани таштобу тӯмор низ машғул будаанд”, – омадааст дар хабар.

Ин ниҳод номи ҳамаи боздоштшудагонро интишор кардааст.

Бар зидди 13 ҷодугару фолбин бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда, дар сурати такрор шудани ин амалҳо ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикони ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар ҷанубӣ Тоҷикистон пас ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Хатлон таъйин шудани генерал Шариф Назарзода пурзӯр шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам қариб 50 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...