Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳошияи ин дидор Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Лондон фароҳам меорад, ба имзо расониданд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти созишномаи имзошуда ВКХ Тоҷикистон хабар намедиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки мусоҳибон масоили умдаи рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки аз имрӯз сафари Дэвид Кэмерон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабирро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор намуд, ки Тоҷикистон Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносад.

"Кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд”, – изҳор дошт сарвари давлат.

Гуфта мешавад, Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима карданд.

“Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд, – омадааст дар хабар. – Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ карданд”.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...