Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот

Asia-Plus

Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе оғоз кардааст, ки чанд хонанда як шарикдарси тоҷики худро бо ҳарфҳои бегонаситезона лутукӯб мекунанд. Дар ин бора “Телеграм-канал”-и расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Дар гуфта мешавад, ки Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаро шахсан зери назорат  гирифта, аз зердастонаш хостааст, ки дар робита ба ин ҳодиса маълумот пешниҳод кунанд.

Ба иттилои ин раёсат, “дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш шудааст, ки дар яке аз муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург мактаббачагон як ҳамсолашонро латукӯб кардаанд. Ин амалҳо дар видео сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ки омӯзгор дар синфхона буда, барои пешгирии муноқиша сари вақт чора наандешид”.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки  ки ду нафар (писарон) як хонанда (духтар)-ро дар синфхона латукӯб мекунанд. Яке аз онҳо ба пушти духтар бо мушт мезанад, ки дар натиҷа ӯ чанд дақиқа нафасгир мешавад.

Дар миёни онҳо зане дида мешавад, ки ба эҳтимол омӯзгор аст, вале талоши ҷудо кардани хонандагонро надорад. Танҳо як хонанда кӯшиш мекунад, лутукӯбро боздорад, вале бенатиҷа меанҷомад.

Нафаре, ки ҷараёни ҳодисаро ба навор мегирад, ҳарфҳои бегонаситезона мисли "Русия барои русҳост, Москва барои москвагиҳо аст" мезанад.

«Дар он шарҳҳои дағалонаи наврасе, ки наворбардорӣ мекунад, дида мешавад, ки дар пай барангехтани адовати қавмӣ дорад. Навор хело бераҳмона аст. Ман намефаҳмам, ки муаллимон дар куҷо буданд ва чаро онҳо ба полис занг назаданд”, – навиштааст Екатерина Мизулина, директори Лигаи бехатарии Интернет.

Расонаҳои маҳаллии Петербург навиштаанд, ин ҳодиса дар моҳи феврали соли ҷорӣ рух дода, навори он нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъд аз ҳодиса дар ҳузури волидони духтар хонандагон аз вай маъзарат хостаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...