Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир, лорд Дэвид Кэмерон – ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вохурда, масоили ҳамкории дуҷонибарои баррасӣ намуд.

Сипас Дэвид Кэмерон барои шиносоии бештар бо зарфиятҳои энергияи сабз дар Тоҷикистон ба НБО-и «Норак» рафт. Ӯро дар ин сафар муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ҳамроҳӣ карданд. Меҳмононро дар шаҳри Норак гарму самимӣ ва бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд.

Зимни шиносоӣ бо НБО-и “Норак” меҳмонон ба иқтидори энергетикии Тоҷикистон, ки қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд,  баҳои баланд доданд.

“Мо имкони таъсиси Фонди сармоягузорӣ барои дастгирии тиҷорати хурдро баррасӣ дорем, – гуфт ӯ ба рӯзноманигорон. – Ҳамчунин метавон барои сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз фонди ҷудогона таъсис дод. Мо ҳамчунин ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорем. Мо мехоҳем, ки лоиҳаҳое чун CASA 1000 густариш ёбанд, ки ба интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ шароит фароҳам меорад”.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир аз 15 январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд ва ин аввалин сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар ба Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...