“Репатриант” – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Русияи муқими ҷумҳурӣ ва касоне, ки аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд, мақомоти Русия дарёфти мақоми репатриант (баргашта)-ро пешниҳод мекунанд. Он аз 1 январи соли 2024 ҷорӣ шудааст. Ин чӣ мақом аст ва чӣ гуна метавон онро дарёфт кард? Ҳамватан аз репатриант чӣ фарқ дорад? Дар Русия Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии […]

Asia-Plus

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Русияи муқими ҷумҳурӣ ва касоне, ки аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд, мақомоти Русия дарёфти мақоми репатриант (баргашта)-ро пешниҳод мекунанд. Он аз 1 январи соли 2024 ҷорӣ шудааст.

Ин чӣ мақом аст ва чӣ гуна метавон онро дарёфт кард?

Ҳамватан аз репатриант чӣ фарқ дорад?

Дар Русия Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар амал мекунад. Мувофиқи ин барнома, мафҳуми “ҳамватан” вуҷуд дорад, ки барои ба Русия кӯчидан имкон медиҳад.

Аммо аз 1 январи соли 2024 мувофиқи Амри президенти Русия ба ҷуз мафҳуми “ҳамватан” мафҳуми “репатриант” низ пайдо шуд.

Дар ин мавод мо кӯшиш мекунем, ки ба фарқияти ин мафҳумҳо равшанӣ андозем. Дар аввал донистан даркор аст, ки ҳамаи репатриантҳо – ҳамватанон мебошанд, лекин на ҳамаи ҳамватанон репатриант дониста мешаванд.

Киҳо метавонанд ҳамватан бошанд?

Шумо метавонед зери ин мафҳум қарор гиред, агар:  

– шаҳрвандии Русия дошта бошед, лекин доимо дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунед (масалан, дар Тоҷикистон);

– агар шумо (ё аҷдод)-и шумо дар берун аз ҳудуди Русия зиндагӣ карда, дар ҳамин ҳол, ба халқиятҳое мансубандд, ки таърихан дар қаламрави Русия маскун буданд (масалан, тоторҳо);

– шумо шаҳрванди ҶШС Тоҷикистон будед ва сипас шаҳрвандии Тоҷикистон (ё дигар собиқ Ҷумҳурии Шӯравӣ)-ро гирифтаед ё шахси бешаҳрвандӣ шудед;

– шумо зода (муҳоҷир) аз Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ё Русия ҳастед, лекин баъдан шаҳрванди кишвари хориҷӣ шудед.

Киҳо метавонанд репатриант бошанд?

Шумо метавонед зери ин мафҳум қарор гиред, агар: 

– шумо шаҳрвандии Русия доред, лекин то 24 феврали соли 2022 доимо дар берун аз ҳудуди Русия зиндагӣ мекардед;

– шумо шаҳрвандии Русия доштед, вале аз он даст кашидед;

– шумо дар қаламрави РСФСР таваллуд шудаед ё доимо дар он зиндагӣ мекардед ва қаблан шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро доштед;

– ё агар дар он ҷо хешовандони наздик (ҳамхун)-и шумо (падару модар, бибиву бобо, бибикалону бобокалон) таваллуд ё зиндагӣ карда, дар ҳамин ҳол, шаҳрвандии дахлдор доштанд.

Ба ин тариқ, маълум мешавад, ки ҳамаи репатриантҳо зери мафҳуми ҳамватан қарор гирифта метавонанд, вале на ҳама зери мафҳуми репатриант.

Агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон бошеду аҷдоди шумо дар қаламрави ҶШС Тоҷикистон таваллуд ва зиндагӣ кардаанд, шумо зери мафҳуми “ҳамватан” қарор мегиред. Лекин илова бар ин, агар модар ё бибии шумо дар Санкт-Петербург (ё дигар шаҳри Русия) таваллуд шуда бошанд, дар ин ҳолат шумо метавонед барои иштирок дар барномаи давлатӣ ба сифати репатриант ҳуҷҷат пешниҳод кунед.

Кадом мақом беҳтар аст – ҳамватан ё репатриант?

Агар шумо ҳамватан бошед, танҳо ба минтақае рафта метавонед, ки дар рӯйхат зикр шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба шумо кумаки молиявӣ мекунанд, масалан барои зиндагӣ дар давраи аввал, ҷуброни пардохти боҷҳои давлатӣ ва ғайра.

Лекин агар шумо репатриант бошед, дар интихоби минтақа маҳдудият нахоҳед дошт – метавонед ҳама гуна минтақаро интихоб кунед бо шумули Маскав ё Санкт-Петербург. Лекин камбудии ҷиддӣ ҳам ҳаст – ба шумо кумаки молиявӣ намерасонанд. Истисно: минтақаи мушаххаси Русия худаш метавонад қарор қабул карда, аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ кунад.

Дар сурати зери мафҳуми ҳарду мақом қарор гирифтан, яъне ҳам ҳамватану ҳам репатриант, шумо метавонед мақоми барои худ мувофиқро интихоб кунед.

Пас кадом мақомро интихоб кардан лозим аст?

Гуфтан душвор аст, ки кадом мақом беҳтар мебошад – дар ин бора ҳар кас худаш тасмим мегирад. Агар шумо ба минтақаи мушаххас кӯчиданӣ бошед, масалан Маскав, пас беҳтар аст, ки репатриантро интихоб кунед.

Агар барои шумо интихоби минтақаи мушаххас чандон муҳим набошаду бештар ба дастгирии молиявӣ таваҷҷуҳ доред, пас беҳтар аст, ки ба кӯчидан ба сифати ҳамватан дархост диҳед.

Дархост барои кӯчидан ба сифати репатриант ё ҳамватанро чӣ гуна пешниҳод кардан лозим аст?

Доир ба ин масъала аз намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон машварат дарёфт кардан мумкин аст:

– бо почтаи электронӣ: tadzhmigr@mail

– бо телефони: (992) 37 224-41-49. Аз соати 8-00 то 20-00 занг задан мумкин аст.

Шуморо лозим аст, ки дархостро пур карда, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед, ки зери кадом мафҳум – ҳамватан ё репатриант қарор гирифтани шуморо тасдиқ кунанд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.