Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасод бо нашри як иттилоия гуфт, Абдулоиқ Саидов, муассис ва роҳбари ҶДММ “Лоиқ” моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмони бинои дуошёнаи ошхонаи Маркази миллии тестӣ (ММТ) 142 ҳазору 693 сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф кардааст.

Ӯ ин маблағро бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда, барои иҷрои барзиёди кор ҳуҷҷати қалбакӣ омода ва ба роҳбарияти ММТ пешниҳод кардааст.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Абдулоиқ Саидов “нақшаи ҷинояткорона”-и тасарруфи маблағҳои буҷетиро пешакӣ таҳрезӣ карда буд.

“Бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кард”, – омадааст дар хабарномаи Оҷонсии зиддисасоди кишвар.

Ин ниҳод мегӯяд, насбати Абдулоиқ Саидов ва шариконаш барои азхудкунӣ ё моддаи 245 қисми 3 банди “а” ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ё моддаи 340 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ исрол шудааст. Дар бораи шарикони Саидов маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.

Назари худи Абдулоиқ Саидов ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...